Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Плюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буд, ки бо Орзу Исоев мавзуъи расмиёти маъмурӣ дар соҳаи манзилро ба баҳс кашиданд.
Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.
Савол: Баҳсҳои манзил аз ҷониби кадом мақомот баррасӣ карда мешаванд?
Ҷавоб: Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва инфиродӣ (шахсӣ) ва ҳифзи он татбиқ мегардад. Тартиби ҳал намудани баҳсҳои марбут ба манзил дар моддаи 154 Кодекси манзил пешбинӣ шудааст. Мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои марбут ба манзил аз тарафи суд, суди иқтисодӣ, ҳакамӣ, инчунин дигар мақомоти ба ин ваколатдор ҳал карда мешаванд.
Савол: Манзилҳои истиқоматӣ дар фонди манзили давлатӣ мувофиқи қарори кадом мақомот дода мешаванд?
Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 38 Кодекси манзил, хонаҳои истиқоматӣ барои шаҳрвандон дода мешаванд:
1) дар биноҳое, ки тобеи мақомоти давлатии ҳокимияти маҳаллӣ мебошанд, тибқи қарори мақоми иҷроияи дахлдор;
2) дар биноҳои фонди манзили идоравӣ - тибқи қарори муштараки маъмурият ва кумитаи иттифоқи касабаи корхонаю ташкилот ва муассиса, ки мақоми ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ тасдиқ кардааст;
3) дар биноҳои фонди манзили ҷамъиятӣ - тибқи қарори муштараки мақомоти дахлдори ташкилот ва иттифоқи касабаи он бо минбаъд хабар додан ба мақоми ҳокимияти маҳаллии иҷроия, ки ба хонаи истиқоматӣ ордер медиҳад.
Дар асоси ин қарор мақоми дахлдори иҷроияи маҳаллӣ ба шаҳрвандон ордери махсус медиҳад.
Савол: Меъёри додани масоҳати манзили истиқоматии давлатӣ барои як нафар чанд метри муррабаъ мебошад?
Ҷавоб: Мувофиқи моддаи 36 Кодекси манзил, меъёри майдони истиқоматӣ ба ҳар шахс ба андозаи 12 метри мураббаъ муқаррар мешавад. Зиёда аз меъёр ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон майдони иловагии истиқоматӣ дода мешавад.
Тартиб ва шарти додани майдони иловагии истиқоматӣ ва номгӯи гурӯҳҳои шаҳрвандонро, ки барои гирифтани майдони иловагӣ ҳуқуқ доранд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста