Оҷонсии зиддифасоди кишвар дар шаш моҳи соли ҷорӣ 37 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборро дар мансабҳои давлатӣ ошкор ва бартараф кардааст. Дар ин бора, Нигора Муқимӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои фасод ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои фасодии Оҷонсии зиддифасод, имрӯз, 18 июл дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Муқимӣ афзуд, фаъолияти хешутаборӣ дар мансабҳои давлатӣ аз ҳама бештар дар соҳаи маориф ва танудрустӣ ба чашм мерасад.
- Аз ҷумла, 14 ҳолати фаъолияти хешутабориро дар соҳаи маориф, 13 ҳолат дар соҳаи тандурустӣ, 3 ҳолат дар вазорати фарҳанг, 2 ҳолат дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, 1 ҳолат дар корхонаи “Обу корез” ва 1 ҳолат дар кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва ғайра бартарф карда шудааст, - гуфт номбурда.
Гуфта мешавад, як ҳолати дигар низ дар Вазорати адлия будааст, ки бо дарназардошти тағйири қонунгузорӣ ва таҳти тобеият қарор надоштани чунин мансаб, бартараф нашудааст.
Ошкорсозии 37 мавриди хешутаборбозӣ дар шаш моҳи охир дар ҳоле аст, ки расонаҳо солҳои пеш низ дар мавриди хешутаборчигӣ дар мансабҳои давлатӣ, махсусан мансабҳои калидӣ дар кишвар гузоришҳо нашр мекарданд. Аз ҷумла соли 2019 Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дода буд, ки 62 ҳолати хешутаборчигӣ дар ниҳодҳои давлатиро ошкор кардааст
Бар асоси моддаи 9-и қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” , шахс наметавонад ба мансабҳои давлатие таъин гардад, ки бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда ба мансабҳое бошад, ки онро хешовандони наздики ӯ ишғол кардаанд.
Тибқи қонун “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” хешовандони наздик – зан, шавҳар, фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан, ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҳамчунин дигар шахсоне мебошанд, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста