Дар ҳар ду ҳолат сабаби худкушии мансабдорон нофаҳмии оилавӣ будааст. Дар ин бора Валӣ Ваҳҳобов, муовини Додситонии вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ, хабар дод ва гуфт, дар ҳар ду ҳолат бинобар набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ карданд.
“Ин ҳодиса дар ноҳияи Шаҳритус набуд. Хушназар Нодиров, раиси ҷамоати деҳоти Ҷӯра Назаров дар ноҳияи Қубодиён даст ба худкушӣ зад. Додситони вилоят ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор дода, бинобар сабаби набудани таркиби ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ худдорӣ кард”, - иброз дошт Ваҳҳобов.
Ба гуфтаи ӯ, худкушии Фирӯз Ҳурматов, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳритус низ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
“Сабаби даст ба худкуши задани ӯ нофаҳмӣ дар оила буд. Аз ин хотир, оғози парвандаи ҷиноятӣ рад карда шуд, - гуфт ӯ.
Номбурда таъкид намуд, ки чунин ҳодисаҳо мавриди таваҷҷуҳи додситонии вилоят аст ва танҳо баъди санҷиши ҳаматарафа қарори дахлдор қабул карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали соли равон ду мансабдори ноҳияи Шаҳритус - Хушқадам Нодиров, раиси ҷамоат ва Фирӯз Ҳурматов, сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳия даст ба худкушӣ зада буданд.
Он замон, Ҷабборӣ Ғаффор, раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон низ гуфта буд, ки сабаби даст ба худкушӣ задани Нодиров мушкилоти хонаводагӣ аст.
Ҷасади Хушқадам Нодировро субҳи 11-уми феврали соли равон овехта пайдо карда буданд.
Мушкилоти хонаводагӣ унвон кардани худукушии раиси ҷамоати ноҳияи Шаҳритус дар ҳолест, ки бар асоси баъзе маълумоти таъйиднашуда, гуфта мешуд, Хушқадам Нодиров се рӯз қабл аз маргаш аз яке аз бонкҳо дар ноҳияи Шаҳритус 30 ҳазор сомонӣ қарз гирифта будааст.
Раиси ноҳия гуфта буд, ки чунин овозаҳо ҳастанд, вале асос надоранд ва ӯ дар кораш мушкиле надошт.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста