Рамазон Оймаҳмадзода, собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус 2 гектар замини як корхонаи саноатиро ғайриқонунӣ ба аҳолӣ тақсим намудааст. Дар ин бора рӯзи 20 июл зимни нишасти матбуотӣ Рустам Сангинзода, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории замини Додситонии вилояти Хатлон хабар дод.
Сангинзода мушаххас нагуфт, ки нисбати собиқ раиси ин ноҳия барои ин кирдор парванда боз шудааст ё не. Танҳо афзуд, ки "вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шахсони мансабдор парванда оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.
Ин масъули додситонии вилоят гуфт, ки нисбати қарорҳои раиси собиқи ноҳия вобаста ба ин замин эътирози додситонӣ оварда шуд.

“Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки қонунгузории замин аз тарафи як қатор шахсони масъул ва шахсони алоҳида дағалона вайрон карда шудааст. Аз рӯи маълумоте, ки мо дар даст дорем зиёда аз 2 га замини як корхонаи саноатӣ аз ҷониби собиқ раиси ноҳия ва дигар шарикони ӯ ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон тақсим карда дода шудааст”,- гуфт Рустам Сангинзода.
Дар нишаст, ҳамчунин зикр гардид, ки дар 6 моҳи соли равон нисбати 208 қарори раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон эътирози додситонӣ оварда шуд, ки аз ин 43,2 дарсади он ба раисони амалкунанда рабт дошта, 89,4 дарсади ин қарорҳо ба масъалаи замин вобастагӣ доранд.
Ҳамчунин, вобаста ба қонунгузории замин, аз ҷумла ғайриқонунӣ тақсим кардан ва худсарона забт кардани замин 190 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, майдони 3 ҳазору 287 га замин ба ҳолати аввала баргардонда шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста