Додситонии кулли Русия бо дархости террористӣ эътироф шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ба додгоҳ муроҷиат намудааст. Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон изҳори назар кардааст, хабар медиҳад нашрияи "Коммерсантъ" бо такя ба мақомоти назоратӣ. Фаъолияти ҲНИТ дар Тоҷикистон аз соли 2015 манъ аст.
Игор Краснов, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, хабар додааст, ки Додситонии кулли Русия дархости додситонии кулли Тоҷикистонро дар мавриди террористӣ эътироф намудани баъзе созмонҳо баррасӣ кардааст.
“Нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мо аллакай ба додгоҳ даъвои дахлдор фиристодем”, - иброз доштааст додситони кулли Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки сомонаи президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои «хуфта»-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Гуфта мешавад, дар рафти суҳбат атрофи вазъи мураккаб дар Афғонистон, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҳамкории мақомоти прокуратураи ду кишвар дар самти расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи парвандаҳои ҷиноӣ ва истирдоди ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта мубодилаи афкор сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар сомонаи президенти Тоҷикистон дар мавриди дар Русия террористӣ эътироф шудани ҲНИТ чизе гуфта нашудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста