Додгоҳи вилояти Хатлон Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғаюр Хайбуллоев, ду гумонбари қатли оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳунро ба ҳабси абад ва Адолат Шерматова, гумонбари сеюмро ба 28 соли зиндон маҳкум кард.
Тавре хабарнигори “Азия-Плюс” аз толори додгоҳ хабар медиҳад, ҳукми ҷинояткоронро чанд дақиқа пеш, Хусрав Холдорзода, додраси додгоҳи вилоятӣ эълон кард ва гуфт, тарафҳо метавонанд давоми 10 шабонарӯз аз болои ҳукм ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кунанд.
Ба иттиллои хабарнигори мо, наздикони гунаҳкорон аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда, гуфтаанд, ки аз болои он ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон шикоят мебаранд.
Шарифа Шерматова, модари Адолат Шерматова ва наздикони Қиёмиддин Насриддинову Маҳмадғаюр Хайбуллоев гуфтанд, ба воситаҳои ҳимоятгаронашон ба зинаҳои болоии додгоҳӣ шикояти касатсионӣ мебаранд, чунки наздиконашонро бегуноҳ медонанд.
Ду рӯз пеш, айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов ҳукми абад ва ба гумонбари сеюм Адолат Шерматова, зани Қиёмиддин Насриддинов 30 соли зиндон талаб карда буд.
Дар ҳамин ҳол, имрӯз, гумонбарон зимни ироаи ҳарфи охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, худро дар куштори оилаи Маҳмадовҳо бегуноҳ дониста буданд. Онҳо даъво доштанд, ки зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додаанд.
Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори ин хонавода айбдор мешаванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова, оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд.
Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.
Баъдан, аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста