Прокуратураи генералии Русия 13 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.
Рӯзи 9 август Прокуратураи генералии Русия хабар дод, ки ҳамаи ин шахсон дар доираи “ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ” истирдод шудаанд.
Миёни истирдодшудагон шахсони дастдошта дар ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон, фирориҳо, ғоратгарону роҳзанон ва ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҳузур доранд.
Дар рӯйхат шахсоне зикр шудаанд, ки пас аз содир намудани ҷиноят аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буданд:
* Ҷамшед Атоев - барои даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар соли 2011 дар Душанбе;
* Муҳсинҷон Раҷабов - барои даст доштан дар ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 2011 дар Хуҷанд;
* Зафар Қурбоналиев - барои азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, аз ҷумла 1 036 088,79 сомонӣ, 89 561 доллар, 7 709 евро ва 205 500 рубл ва ва камомад зимни кор дар “Тавҳидбонк” дар соли 2021;
* Шоҳинҷон Нуров - азхудкунии амволи ҶДММ “Ноқили Талко” ба маблағи умумии 154 ҳазор сомонӣ дар соли 2019;
* Имомалӣ Розиқов - дуздии пули ҷабрдида соли 2015 дар Душанбе ба маблағи умумии 165 ҳазору 500 доллар;
* Мақсуд Холдорбеков ва Ҷамшед Каримов - барои даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ (далелҳои мушаххас оварда нашудааст - Эзоҳи идора);
* Ҷом Гурезов - барои ҳозир нашудан ба хизмати ҳарбӣ (афсар) бе сабабҳои узрнок ба муҳлати зиёда аз 1 моҳ дар соли 2018;
* Мисбоҳиддин Абдуллоев - барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Нуробод пас аз гирифтани даъватнома дар соли 2021;
* Аҳмадбек Саидов - барои ҳамлаи ғоратгарона ба ҷабрдида ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонии ӯ соли 2007 дар ноҳияи Данғара;
* Руслан Саидов - барои дуздии 35 ҳазор доллар ва 1 млн рубл пули ҷабрдидагон соли 2019 дар Маскав;
* Ҷамшед Муртазоев - барои ҳамлаи ғоратгарона ва дуздии 26 ҳазору 820 сомонӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ;
* Муллоҳаким Султонов - барои узвият ва иштироки фаъолона дар сафҳои созмони “Давлати исломӣ” (ДОИШ).
Гуфта мешавад, дар доираи қарордодҳои дуҷониба макони будубоши шахсони дар боло зикршуда дар қаламрави Русия муайян шуда, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати онҳо дархостҳои дахлдор пешниҳод намуд.
“Пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори Прокуратураи генералии Русия дар бораи истирдоди иштирокчиёни парвандаҳои ҷиноятӣ, ба Хадамоти иҷрои ҷазо дастур дода шуд, ки интиқоли онҳоро амалӣ намояд. Бо риояи чораҳои зарурии амниятӣ ҳамаи шаҳрвандони зикршуда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дода шуданд”, - зикр мешавад дар хабар.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста