Муродҷони Маҳмадуло, директори Муассисаи давлатии “Рекламаи беруна ва ороишии шаҳри Кулоб” дар давраи фаъолияти кориаш 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, хабар медиҳад Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
“Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси муассисаи мазкур маблағи умумии 513 ҳазору 365 сомониро ҳамчун маблағҳои зерҳисоб гирифта, аз ин маблағ 329 ҳазору 326 сомониашро барои таъмин намудани маводҳои рекламавӣ ва дигар молу ашёҳои лозима хароҷот кардааст. Маблағи боқимонда - 184 ҳазору 39 сомониро тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба давлат зарари калони моддӣ расидааст”,- зикр мешавад дар хабари Агентӣ.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Муродҷони Маҳмадуло бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (ҷарима ба андозаи аз 1824 то 2700 нишондиҳанда ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз 10 то 15 сол) ва 323 (ҷарима ба андозаи аз 250 то 365 нишондиҳанда ё корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати аз 1 то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста