Додситонии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Алишер Қаландаров, як сокини пойтахтро бо гуноҳи куштор 10 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи додситонӣ, тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян намудааст, ки 8-уми июли соли равон Алишер Қаландарови 29-сола бо Фаридун Сафарови 43-сола, ки пайванди хешутаборӣ доштааст, муноқиша кардааст.
Баъдан, Алишер Қаландаров соати 23:30-и 8-уми июл нақшаи содир кардани ҷиноятро таҳрезӣ намуда, тариқи телефони мобилӣ Фаридун Сафаровро ба суроғаи воқеъ шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ, назди бинои №152 даъват кардааст.
“Баъди вохӯрдан муноқишаи навбатӣ cap зада, Алишер Қаландаров бо амалӣ намудани мақсади худ бо истифода аз олоти буранда як маротиба ба қисмати болои дил ва як маротибаи дигар ба қисмати шиками Фаридун Сафаров зада, баъди анҷом додани ҳаракатҳои ҷинояткоронаи худ, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - менависад додситонӣ.
Ба гуфтаи манбаъ, бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ Фаридун Сафаров дар беморхонаи Қарияи Боло ба ҳалокат расидааст.
Алишер Қаландаров бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз 15-уми сентябр дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 104 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 10 сол бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста