Давоми 11 моҳи соли равон дар вилояти Суғд 441 ҷинояти вобаста ба фасод ошкор гардидааст, ки 207 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Дар натиҷа, 28,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 28,5 миллион сомонии он барқарор карда шудааст. Дар ин бора Ҷӯрақул Наврӯззода, сарнозири бахши ташкили кор, назорат, таҳлил, иттилоот ва омори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ба Азия-Плюс иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, дар соҳаи тандурустӣ 64 ҷиноят нисбати 15 нафар, маориф 40 ҷиноят нисбати 27 нафар, сохторҳои бонкӣ 46 ҷиноят нисбати 4 нафар, бахши Кумитаи замин 21 ҷиноят нисбати 16 нафар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва зерсохторҳои он 39 ҷиноят нисбати 23 нафар, зерсохторҳои ширкати “Барқи тоҷик” дар вилоят 13 ҷиноят нисбати 10 нафар ба қайд гирифта шудааст.
“Вобаста ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин бошад дар ин давра 58 ҷиноят нисбати 33 нафар ошкор гардида, айни замон тафтишот дар ин самт идома дорад,” гуфт Ҷӯрақул Наврӯззода.
Бино ба иттилои Ҷӯрақул Наврӯззода, ҷиноятҳои коррупсионӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд-91 адад, Бобоҷон Ғафуров-49 адад, Спитамен-48 адад ва Ҷаббор Расулов-32 адад ба қайд гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳамасола санаи 9-уми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия қайд карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз 10-уми январи соли 2007 мақоми махсус таъсис дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста