Як сокини ноҳияи Хуросон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсараш, ки бо ӯ зиндагии якҷоя ва ду кӯдак доштанд, 11 сол равонаи зиндон шудааст.
Маркази матбуоти Додситони кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар додааст, ки ҳодиса шаби рӯзи 24-уми августи соли равон рух дода, С. Муҳсидинов аз рӯи рашк ҳамсараш Шаҳноза Расуловаро, ки дар хонаи волидайнаш зиндагӣ мекард, бо корди ошхонагӣ чанд зарба задааст.
“Рӯзи 25-уми августи соли 2022, соати 9:00 ҳангоми ба корҳои хона машғул шудани ҳамсараш Расулова Ш.М. аз набудани дигар аъзоёни хонаводаи Муҳсиддинов С.Г. истифода бурда, Расулова Ш.М.-ро дошта, ба ҳуҷраи манзили истиқоматӣ дароварда, бо корди дар дасташ буда, ба узвҳои ҳаётан муҳими охирин зада, бинобар доду фиғон бардоштани ҳамсараш аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”, - омадааст дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки аз сабаби сари вақт ба беморхона интиқол додани Расулова Шаҳноза ва расонидани ёрии саривақтии тиббӣ ӯ зинда мондааст.
Ҳамин тариқ, бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Хуросон аз 7 октябри соли 2022 Муҳсиддинов С.Г. бо моддаҳои 32 қисми 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўиқасди ҷиноят) ва 104 қисми 1 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳгор ва 11 сол равонаи зиндони низомаш пурзӯр гардид.
Ёдовар мешавем, ки чанд соли охир ҳодисаи куштори ҳамсар аз сӯи шавҳар зиёд ба гӯш мерасад ва мақомот омилҳои онро рашку ҳасад ва тоб наовардан ба мушкилоти зиндагӣ мегӯянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста