Директори Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Истаравшан Алӣ Алиев ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, Алиев зимни фаъолияти кориаш бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз сокини маҳаллӣ барои хидматрасониаш маблағи калони пулӣ талаб кардааст.
“Ӯ барои ҳамчун намояндаи фармоишгар қабул намудани корҳои насбкунии обченкунакҳо ва таҷҳизоти пайвасткунӣ дар шаҳри Истаравшан аз шаҳрванд 14 ҳазор доллар гирифта, боз овардани 5 ҳазор сомонии дигарро талаб кардааст”, - омадааст дар хабари Агентӣ.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Алӣ Алиев баъди аз шаҳрванд гирифтани 5 ҳазор сомонӣ дар утоқи кориаш дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Зикр мегардад, ки оид ба ҳолати мазкур нисбати Алиев бо моддаи 247 қ. 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Дар ин модда ҷазои аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисоб ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста