Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба миқдори 4 тоннаю 160 грамм маводи мухаддир мусодира кардааст, ки ин нисбат ба соли гузашта камтар будааст. Соли 2021 маводи мухаддири мусодирашуда 4 тоннаю 83 килограммро ташкил намуда буд.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовар имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Дар робита ба имконияти коркарди маводи мухаддири мусодирашуда барои истеҳсоли доруворӣ, роҳбари Агентии мазкур гуфт, ки “ҳоло дар ҷумҳурӣ чунин имконият вуҷуд надорад”.
“Дар таркиби маводи мухаддири мусодирашуда ҳар гуна маводҳои ба саломатӣ зараррасон буданаш аз эҳтимол дур нест ва дар Тоҷикистон имкони тоза кардани он айни замон вуҷуд надорад”, - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Ҳамин тавр, ба қавли ӯ, соли 2022 аз ҷониби ин ниҳод 681 ҷинояти мухаддиротӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 3 дарсад камтар аст. Соли 2021 707 ҷиноят ба қайд гирифта шуда буд.
“Дар робита ба ин, соли 2022 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар нисбат ба 147 нафар парванда боз шуда, ба суд ирсол гардид”, - гуфт Ҳабибулло Воҳидзода.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 4 ҳазору 381 нафар нашъаманд, аз ҷумла 101 зан ба қайд гирифта шудааст, ки ин иншондиҳанда низ нисбат ба соли гузашта камтар аст. Ин нишондиҳанда соли 2021 4 ҳазору 749 нафар буд, ки 107 нафарро занон ташкил медоданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста