Фирдавсхон Турахонов, роҳбари пешини Беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд ва бародари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ба фасодкорӣ гумонбар аст. Дар ин бора Шараф Аваззода, сардори Раёсати Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Номбурда гуфт, Фирдавсхон Турахонов ба азхудкунии беш аз 88,6 ҳазор сомонӣ айбдор мешавад.
“Тафтишоти пешакӣ муайян карда, ки Фирдавсхон Турахонов давоми 1 соли роҳбарӣ (аз 1-уми октябри соли 2020 то 8-уми октябри соли 2021) дар Беморхонаи клиникавии шаҳрӣ №1 ба номи С. Ӯрунови шаҳри Хуҷанд аз ҳисоби маблағҳои махсуси беморхона 36 содирномаи хазинавӣ, ба маблағи 156 ҳазору 962 сомониро ба ихтиёри худ гирифта, аз он 68 ҳазору 500 сомониро ба корҳои таъмирии гармхонаи беморхона хароҷот намуда, 88 ҳазору 642 сомониро тасарруф кардааст”, - гуфт Шараф Аваззода.
Ба иттилои роҳбари Оҷонсии зиддифасод дар вилояти Суғд, аз 5-уми сентябр соли 2022 нисбати Фирдавсхон Турахонов барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ ба миқдори калон (моддаи 245 қисми 3 банди “а”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, барои тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ исрол шудааст.

Ҳоло маълум нест, ки додгоҳ нисбати Турахонов чӣ ҳукм содир кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Тӯрахонов аз вазифаи роҳбари Беморхонаи марказии шаҳрӣ озод гардида, сардори Маркази солимгардонии дилу шараёни шаҳри Хуҷанд таъин шудааст.
Гуфта мешавад, ки Фирдавсхон Турахонов, барордари Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста