Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки шаби 26 ба 27-уми феврали соли 2023 аз хонаи истиқоматии як сокини ноҳияи Синои Душанбе 7 ҳазор доллари амрикоӣ, 2 ҳазор сомонӣ ва ҷавоҳирот гум шудааст. Бо шикояти зани 43-сола, сокини ноҳияи Синои пойтахт, милитсия ба тафтиши ҳодиса оғоз карда, ҳамчун гумонбар фарзанди ноболиғи соҳибхона дастгир шудааст.
Ҳамчунин, тибқи иттилои ин ниҳод, 23-юми январи соли 2022, шахси номаълум ба хонаи истиқоматии марди 64-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии Душанбе даромада, 17 ҳазору 800 сомонӣ, 1 телевизори тамғаи “Самсунг” ва 1 матоъи занонаро дуздидааст. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомонӣ гуфта мешавад.
Дар робита ба ин ҳодиса марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шудааст. Маълум шудааст, ки ӯ ҷинояти мазкурро якҷо бо сокини дигари пойтахт, марди 36-солаи қаблан судшуда содир намудааст.
Ҳодисаи дигари дуздӣ 16-уми ноябри соли 2022 ба қайд гирифта шудааст. Шахси номаълум дар ҷамоати деҳоти Чубеки ноҳияи Ҳамадонӣ 1 сар чорвои калони шохдорро дуздидааст. Гуфта мешавад, ки зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар робита ба ин, кормандони милитсия марди 26-солоаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, дастгир кардаанд.
Ҳамчунин, як марди 49-солаи дигар, сокини ноҳияи Синои пойтахт, барои дуздии маҳсулоти рӯзгор ба маблағи 10 ҳазору 500 сомонӣ гумонбар дониста шуда, аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст.
Гумонбар ба қаллобӣ
Як сокини 29-солаи пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-сола аз ноҳияи Файзобод даромада, хонаеро дар ноҳияи Варзоб ба маблағи 163 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ кардааст, аммо баъди гирифтани 118 ҳазор сомонӣ, хонаро ба номи он мард сабт накардааст.
Кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ ҳолати мазкурро ошкор намуда, нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.
ТИбқи иттилои ВКД 19-уми октябри соли 2022 марди 42-солаи сокини шаҳри Конибодом бо роҳи фиреб ба боварии марди 49-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, бо ваъдаи аз хориҷа овардани автомашина 26 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, аммо мошинро дастрас накардааст.
Нисбати ин сокини шаҳри Конибодом низ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
ВКД мегӯяд, айни замон аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста