Нуриддин Тоҷибоев, сокини 41-солаи ҷамоати деҳоти Пулотони шаҳри Конибодом ба гумони таълими ғайриқонунии динӣ ва шомил сохтани шогирдаш ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” гумонбар шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, Нуриддин Тоҷибоев як ҷавонеро, ки мехост дониши динияшро такмил диҳад, ба равияи дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия” ҷалб кардааст.
Аз ҷавон ном бурда намешавад, вале ӯ дар барнома мегӯяд, ки “моҳи декабр ҳамроҳи бачаҳо нишаста будем. Домуллоро таъриф карданд, ки илмашон зӯр аст. Бо шавқи зиёд ба наздашон рафтам”.
“Ҷавони ҷалбшуда бо сабаби надоштани маълумоти динӣ, тавсияҳои мударрисро қабул намуда ва пайравӣ кардааст, то он даме, ки нодуруст ва ғайриқонунӣ будани он барояш маълум шавад”, - гуфта мешавад дар хабар.
Дар навори ахбор гуфта мешавад, ки Нуриддин Тоҷибоев аз соли 2009 узви равияи “Салафия” буда, то ба имрӯз ба тарғиби он машғул будааст.
Мақомот мегӯянд, “аз манзили истиқоматии ӯ адабиёте дарёфт гардиданд, ки мазмун ва моҳияти он хусусияти экстремистиро дар бар мегирад”. Нуриддин Тоҷибоев ҳам мегӯяд, “китоби “Ҳадя”, муаллифаш ибни Босро мехондам”.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 307, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки равияи “Салафия” бо ҳалномаи Суди олии Тоҷикистон аз 8-уми январи соли 2009 мамнӯъ эълон шудааст ва то кунун даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар бо ин ҷурм гунаҳкор шуда, равонаи зиндон гардидаанд.
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста