Дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон К.О.К. боздошт шуда, ВКД Қирғизистон ӯро ба ташкили яке аз шабакаҳои бузурги интиқоли маводи мухаддир гумонбар медонад.
Гуфта мешавад, ин шаҳрванд дар қаламрави шаҳри Алмато боздошт шуда, аз ӯ зиёда аз 100 кило маводи нашъаовари героин мусодира шудааст.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Қирғизистон, шаҳрванди Тоҷикистон “дар ҷараёни амалиёти тӯлонии бисёрмарҳила ва амалҳои ҳамоҳангшудаи кормандони фаврии Хадамоти махсуси Қирғизистон ва Қазоқистон” боздошт шудааст.
“Барои безарар гардонидани фаъолияти синдикат (гурӯҳ)-и байнулмилалии маводи мухаддир, ки ба интиқол ва фурӯши миқдори зиёди маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути Қирғизистон машғул буданд, амалиёти махсуси байналмилалӣ гузаронида шуд”, - зикр мегардад дар маълумот.
Гуфта мешавад, барои муайян кардани иштирокчиёни дигари эҳтимолии гурӯҳи мазкур минбаъд боз чорабиниҳои муштарак роҳандозӣ мешаванд.
"Арзиши тахминии маводи мухаддири мусодирашуда дар бозори сиёҳ 1 млн 190 ҳазор долларро ташкил медиҳад", - илова мешавад дар хабар.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста