Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2022 нисбати 252 нафар шахсони мансабдор барои заминфурӯшӣ ва истифодаи нодурусти он парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз кардааст. Як раиси ноҳия, як муовини раиси ноҳия ва раиси ҷамоат барои фурӯши беш аз 40 га замин муттаҳам шудаанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, ки дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот медод, гуфтааст, соли сипаришуда зиёда аз 6 ҳазор қонунвайронкуниҳо ошкор ва нисбати 6 ҳазору 550 нафар чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ татбиқ гардидааст.
“Нисбати 252 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шуданд”, - афзудааст Юсуф Раҳмон.
Додситони кулли Тоҷикистон зикр кардааст, ки барои фурӯши 11 га замин бар ивази 1 млн сомонӣ собиқ раиси ноҳияи Шаҳритус Рамазон Оймаҳмадзода ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.

Бо ҷурми заминфурӯшӣ Исҳоқ Гулҳусейнов, муовини раиси ноҳияи Қубодиён, низ гунаҳкор дониста шудааст. Ӯ бошад, ба иттилои мақомот 13 га заминро бар ивази 54,5 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Зикри номи Исҳоқ Гулҳусейнов дар ҳолест, ки ӯ моҳи майи соли 2021 аз бемории илтиҳоби шуш дар беморхона фавтидааст.
Юсуф Раҳмон гуфтааст, ки раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Варзоб К.Каримов зиёдтар аз ҳама заминфурӯшӣ кардааст. Номбурда бо фурӯши 20,6 га замин бар ивази 600 ҳазор сомонӣ ва 100 000 доллар гумонбар дониста шуда, бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
“Гарчанде дар самти назорати риояи истифодаи самаранок ва оқилонаи замин корҳои муайяне ба сомон расонида шуда истода бошад ҳам, тақсимоти ноодилонаи қитъаҳои замин, сохтакории ҳуҷҷатҳо, хариду фурӯш ва худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин идома доранд”, - нигаронӣ кардааст додситони кулл.
Ба гуфтаи ӯ, 16 ҳазору 32 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолгардида баргардонида шуда, 16,9 (5,8) млн сомонӣ маблағи зарар барқарор карда шудааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки масъалаи фурӯши ғайриқонунии замин ва истифодаи нодурусти он яке аз мушкилҳои мубрами ҷомеа буда, қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар низ аз ин мушкил изҳори нигаронӣ карда буд. Ӯ таъкид карда буд, ки “бархе аз раисои шаҳру навоҳӣ, ҷамоатҳои деҳот ба ҷойи монеъа шудан ба қонуншиканӣ дар самти истифодаи замин, худашон қарорҳои ғайриқонунӣ содир намуда, инчунин ғайриқонунӣ ба аҳолӣ қитъаи замин ҷудо мекунанд”.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста