Бар зидди Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонии тоҷик бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи нав боз карда, ӯро аз зиндон ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурдаанд. Дар ин бора Бунёди “Бузургмеҳр”, як созмони ҳуқуқӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, хабар додааст.
Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров ҳам изҳороти ин созмонро дар саҳифаи фейсбукии худ бознашр кардааст.
Манбаъ навиштааст, ки парванда “бо моддаи 247, қисми 4, бандҳои “а” ва “б” (қаллобие, ки дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ва ба миқдори махсусан калон)-и Кодекси ҷиноятӣ ва дар асоси гӯё аризаи яке аз маҳбусоне, ки ҳамроҳи Бузургмеҳр Ёров дар зиндони шаҳри Ваҳдат адои ҷазо мекард, оғоз карда шудааст”.
“Моҳият ва чузъиёти амалҳое, ки тибқи он нисбати адвокат Бузургмеҳр Ёров парванда боз шудааст, то хол аниқ ва муайян нест. Айни ҳол ин зиндонии сиёсиро то ба охир расидани тафтишоти пешакӣ ва қарори ниҳоии Додгоҳ ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО-и №1 шаҳри Душанбе гузарондаанд”, - навиштааст Ҷамшед Ёров.
Гуфта мешавад, ки ин моддаи Кодекси ҷиноӣ ҷарима ва ё аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бунёди “Бузургмеҳр” аз номи модари Бузургмеҳр Ёров нигаронӣ карда, навиштааст, ки “дар Тоҷикистон ягон ташкилоти адвокатӣ, адвокатҳои шинохта ва ё ташкилотҳои чамъиятие, ки ба ҳимояти шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо адвокатҳо машғуланд, аз тарси фишори мақомоти тафтишотӣ ва амниятӣ ҳимояи писарашро ба зимма намегиранд”.
“Вакили дифое, ки аз ҷониби давлат ба Бузургмеҳр Ёров ҷудо шудааст, дар мурофиаҳо ҳамагӣ як ё ду маротиба иштирок кардаасту халос”, - омадааст дар изҳорот.
Ин созмон оғози парвандаи нави ҷиноятиро бар зидди Бузургмеҳр Ёров бофта унвон кардааст.
Парвандаи нав нисбати вакили дифои зиндонӣ, тавре Радиои Озодӣ менависад, аз сӯи Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ боз шудааст.
Кушишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз дафтари матбуотии ВКД бенатиҷа анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас аст. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.
Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.
Бузургмеҳр Ёров 51-сола ва хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон аст. Дар оғоз муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе буд. Аз соли 1998 то лаҳзаи боздошт ҳамчун вакили мудофеъ кор мекард ва мудири иттифоқи адвокатии “Сипар” буд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста