Шаҳрванд Б.Б. моҳи декабри соли 2021 бо шаҳрванд Т. дар манзили истиқоматии модараш дар ноҳияи Ашт шинос шуда, зимни суҳбат муносибати дӯстона пайдо карда, маслиҳати муносибати маҳрамона намуданро кардаанд, менависад сомонаи Додгоҳи ноҳияи Ашт.
Додгоҳ ному насаб ва синну соли онҳоро бо далели меъёрҳои аълоқӣ зикр намекунад, вале оиладор будани онҳоро тасдиқ менамояд. Манбаъ менависад, ин ду шаҳрванд аз моҳи декабри соли 2021 то моҳи августи соли 2022 “якчанд маротиба дар манзили истиқоматии Т. ва ҳамзамон дар манзили истқоматии модари Б.Б. алоқаи ҷинсӣ кардаанд”.
“Моҳи августи соли 2022 тахминан соатҳои 21:00 дақиқа Б.Б. ба хонаи Т. рафта, пас аз алоқаи ҷинсӣ намудан ҳолати бараҳнагии Т.-ро бидуни розигияш, тариқи телефони мобилиаш, бо мақсади ғараз, яъне бо таҳдиди ифшои маълумоти беобрӯкунанда ба даст овардани фоидаи муфт аксбардорӣ карда, дар хотири телефони мобилиаш нигоҳ доштааст”, - хабар медиҳад додгоҳ.
Тавре додгоҳ зикр мекунад, мард барои паҳн накардани аксҳои урёни зан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ӯ маблағ талаб мекунад ва таҳдид менамояд, ки дар сурати дар оянда рад кардани алоқаи ҷинсӣ онҳоро ба шавҳараш равон мекунад.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи таҳдид ва тамаъҷӯии мард, зан барои “фош нашудани маълумоти шахсияаш тариқи корти “Душанбе-Сити” ба мард 500 сомонӣ маблағ равон мекунад”.
Додгоҳ хабар медиҳад, ки дар асоси хулосаи ташхиси судӣ-санъатшиносӣ дар дохили хотираи телефони мобилӣ аксҳои бидуни ризогии зан бардоштаи мард пайдо ва тасдиқ шудааст.
Ҳоло бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Ашт аз 10 феврали соли 2023 дар асоси моддаи 67 қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ аз рўи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо, ба мард ҷазои ниҳоӣ 16 солу 6 моҳ, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти ҷавобгарии моддидошта ба муҳлати ду сол таъйин карда шудааст.
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
“Зарбаи ҷиддӣ ба иқтисоди ҷаҳон”. Вокунишҳо ба фармони Доналд Трамп оид ба ҷорӣ кардани боҷи воридотӣ
Соли 2024 кишварҳои Осиёи Марказӣ аз USAID чӣ қадар кумак гирифтанд?
Нархи хадамоти интиқолу тақсимоти барқ ҳам гарон шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста