Тасмими мазкур дар мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Ли Ян, муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон, ки дирӯз, 5-уми май, баргузор шуд, таъкид гардид.
Ба иттилои маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
“Ҷонибҳо вобаста ба амалисозии лоиҳа мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд”, - хабар медиҳад манбаъ.
Аз дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд ба "Азия-Плюс" гуфтанд, корҳои насбкунии дурбинҳои назоратӣ эҳтимол нимаи дуввуми соли равон шуруъ шавад.
Низоми “Шаҳри бехатар” чанд моҳ пештар дар шаҳри Хоруғи ВМКБ низ ба кор оғоз карда буд.
Раёсати ВКД дар ВМКБ охири моҳи март хабар дода буд, ки давоми як ҳафта бо кумаки ин дурбинҳо ҳафт ҳолати вайрон намудани қоидаи роҳ аз ҷониби ронандагон тавассути ин низом ошкор шудааст.

Аммо дар хусуси санаи фаъолгардии низоми “Шаҳри бехатар” дар Хоруғ маълумот дода нашуд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе низоми “Шаҳри бехатар” 31-уми октябри соли 2013 фаъол гардида, ба назорати ҳаракати нақлиёт ва ҳар гуна қоидавайронкуниву қонуншиканӣ машғул аст.
Ҳамасола, ба воситаи “Шаҳри бехатар” қоидавайронкуниву қонуншиканиҳои зиёд ошкору пешгирӣ карда мешавад.
Инчунин, ҳар сол аз ҳисоби ҷаримаи қоидавайронкунҳову қонуншиканҳо тавассути ин низом миллионҳо сомонӣ ба буҷети давлат ворид мешавад. Бархе ронандагон аз ҳолатҳои коррупсионӣ низ дар кори ин низоми назоратӣ шикоят мекунанд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста