Раиси Идораи замини ноҳияи Рашт Алимардон Ҷабборов бо иттиҳоми ғайриқонунӣ фурӯхтани қитъаҳои замин ва додани пора аз ҷониби кормандони мақомоти амнияти кишвар дастгир шудааст.

Дар ин бора Маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар як гузориши худ, ки дар телевизиони “Тоҷикистон” пахш шуд, хабар медиҳад.

Манбаъ менависад, ки бо қаллобӣ ва миёнаравии Алимардон Ҷабборов танҳо дар давоми 4 моҳи соли 2023 ба чанд  сокини ноҳияи Рашт қитъаҳои ғайриқонунии замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ба расмият дароварда шуд.

Алимардон Ҷабборов дар ин гузориш даст доштанаш дар фурӯши заминҳоро эътироф карда, аз ҷумла мегӯяд, ки “ба ҳар сокини ноҳияи Рашт барои ҷудо кардани қитъаҳои замин ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ маслиҳат мекард”.

“Масалан, барои Ёров Раҳимҷон барои вобаста кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҷамоати Нусратулло Махсум, Саломов Амриддин аз ҷамоати Қалъаи Сурх, Беков Иршод, сокини ҷамоати Ҷафр ва дигарон ман дар ивази 2 ҳазор сомонӣ имзои Раҳимҷон Муқимиро мегирифтам”, - иқрор мешавад раиси ҳамакнун собиқи идораи замини Рашт.

Раҳимҷон Муқимӣ феълан раиси ноҳияи Рашт аст. Охири моҳи январ Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ хабар дода буд, ки Раҳимҷон Муқимӣ ҳамроҳи роҳбари Дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт, Холмуҳаммад Ортиқов ба “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” гумонбар ва ҳатто “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” боздошт гардиданд.

Дертар, Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” дар робита ба қазияи мазкур гуфт, Холмаҳмад Ортиқов бо гумони қаллобӣ ба миқдори махсусан калон боздошт ва нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, чора дар шакли “забонхат дар бораи тарк накардани маҳҳали истиқоматаш” татбиқ шудааст.

Ин ниҳод дар робита ба боздошт ва ё боз гардидани парванда нисбати Раҳимҷон Муқимӣ иттилое надод. Ҳарчанд дар мактуби мо дарҷ шуда буд, ки дар бораи боздошти ҳам раис ва ҳам роҳбари дастгоҳи ноҳияи Рашт иттилоъ пешниҳод кунанд.

Дертар, маълум гардид, ки Муқимӣ боздошт нашуда ва ҳамин тавр, маълум нест, ки ин қазия ба чӣ анҷомид.

Дафтари матбуоти КДАМ гуфт, баъди ошкор шудани аъмоли ғайриқонуниаш Алимардон Ҷабборов хост, бо пешниҳоди пора ба  кормандони амният худро аз ҷавобгарӣ халос кунад, вале “ба ин мақсади нопокаш расида натавонист ва 8 майи соли 2023 Алимардон Ҷабборов ҳангоми кӯшиши додани пора ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ бо далелҳои шайъӣ боздошт карда шуд”.

Ба зидди раиси ҳамакнун собиқи идораи замини ноҳияи Рашт барои додани пора (моддаи 320) ва сохтакории хидматӣ (моддаи 323) парвандаи ҷиноятӣ кушода, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба ӯ барои сохтакории хидматӣ ҳамчун ҷазо ҷарима ва ё то 2 соли зиндон ва барои додани пора то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари Алимардон Ҷабборов, вакили дифоъ ва ё наздикони ӯ дар робита ба боздошташ маълум нест.

Бояд гуфт, ки ҳолати фасодкорӣ, махсусан фурӯхтани замин дар чанд соли охир дар Тоҷикистон бештар ошкор мешавад ва сомонаи Оҷонси зиддифасод тақрибан ҳар моҳе дар ин маврид хабар медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки маъмурони Оҷонси зиддифасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баландпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.