Милитсияи вилояти Суғд аз боздошти декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишггоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров бо иттиҳоми гирифтани пора хабар медиҳад.

Рӯзи 21-уми майи соли равон маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бо нашри гузориши видеоӣ аз боздошти И.Ҷ. ва Н.Ш. декан ва муовини декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров хабар дод.

Ба иттиллои манбаъ, декан ва муовини декан бо маслиҳати пешакӣ барои баҳо мондан ва аз курс ба курс гузаронидани як донишҷӯйи шуъбаи ғоибона, ки шаҳрванди хориҷӣ буда, дар бахши сеюми ихтисоси таърих таҳсил мекард, пора талаб кардаанд.

“Донишҷӯ аз ноилоҷӣ ба милистия муроҷиат менамояд, зеро ӯ даъво дорад, ки семестри 1-уми соли таҳсили 2022-2023-ро бомуваффақият ҷамъбаст намудааст ва қарздор монданашро ғаразнок меҳисобад”, - омадааст дар гузориши Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯи муроҷиати ин донишҷӯ, ки аз ӯ ном бурда намешавад, рӯзи 2-юми майи соли равон Н.Ш.-ро дар утоқи кориаш баъди гирифтани 1 ҳазору 500 сомонӣ дастгир кардаанд.

Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ муайян намуд, ки ин ҳолат бо маслиҳати пешакии декани факултети таърих ва ҳуқуқ И.Ҷ. сурат гирифтаст.

Намогирифт аз навори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд

Нисбати ҳарду мақомдори донишгоҳ барои гирифтани пора (қисми 4-и модаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доштаанд.

Ин банди қонунгузорӣ, аз ҳафт то дувоздаҳ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, назари худи боздоштшудагон, наздикон ва вакили дифои онҳо маълум нест.

Боздошти омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон тарҷибаи нав нест, қаблан низ мақомот онҳоро барои гирифтани пора дастгир ва ҳабс кардаанд. 

Аз ҷумла, раиси Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотии соли 2022 сохторҳои фасодзадаи кишварро номбар кард, ки дар ин миён ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, замин ва бонкдорӣ дар раддаи аввал қарор доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.