Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7,5 соли зиндон хостааст. Дар ин бора наздикони рӯзноманигори боздоштшуда ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аввалин мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Хуршед Фозилов дар суҳбати телефонӣ мурофиаи додгоҳии имрӯзаро шарҳ надод ва танҳо гуфт, ки “хулосаи мурофиаи имрӯзаро аз наздиконаш, ки ширкат доштанд, пурсед”.
Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ аз қавли Анвар Бобохонов, яке аз дигар вакилони мудофеи Хуршед Фозилов навишт, ки “ӯ иттиҳоми зидди Хуршедро беасос дониста, аз додгоҳ хостааст, ӯро аз толор озод кунанд”.
Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов ба ин расона гуфтааст: “Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд”.
Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов, гуфтааст: “Пурсиданд, ки оё Хуршед ӯро нигоҳубин мекард. Гуфтам, ки фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад, вале бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам”.
Наздикони рӯзноманигор гуфтанд, ки додгоҳ мурофиаи дуввумро ба пагоҳ, 26-уми май, гузоштааст.
Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, наздикони рӯзноманигори боздоштшуда ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳоро ба мурофиа роҳ надоданд. Дертар, пас аз ду соати оғози мурофиаи додгоҳӣ, зикр намуданд, ки модар ва бародари Хуршед Фозилов тавонистанд ба мурофиаи додгоҳӣ ворид шаванд.
Ёдовар мешавем, ки парвандаи Хуршед Фозилов пас аз таҳқиқ, ду ҳафта қабл, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуд.
Хуршед Фозилов, ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.
Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.




18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста