Додситонии кулли Тоҷикистон барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” 8 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ҳамчунин, 95 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва 48 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.
Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, дар нимсолаи аввали соли 2023 тибқи Нақшаи кории додситонӣ дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” санҷишҳо гузаронида шуданд.
Муайян гардидааст, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ аз қабили таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бунёди инфрасохтори дахлдор, содда намудани расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, маҳдуд намудани санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ ва ғайра андешида шудаанд.
“Дар ин раванд миқдори сохторҳои бақайдгирандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 адад, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 рӯз кам карда шудааст. Низоми иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ низ мавриди ислоҳот қарор дода шуда, шумораи намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамоянд аз 650 то 74 адад кам гардидааст”, - менависад Додситонии кулл.
Миқдори санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти санҷишию назоратӣ аз 292 021 адади соли 2016 дар соли 2021 то 45 107 адад расида, 245 914 адад ё 6,5 баробар кам шудааст. Дар соли 2022 бошад, бо назардошти эълон гардидани мораторий ба санҷишҳо шумораи онҳо ҳамагӣ 9 723 ададро ташкил додааст.
Ҳамчунин, дар иттилоия зикр мегардад, ки санҷишҳои прокурорӣ муайян намуданд, ки дар баробари корҳои иҷрошуда дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ ҳоло ҳам баъзе мушкилот ва камбудиҳо ҷой доранд.
Чунончи, ҳолатҳои беиҷро мондани бандҳои алоҳидаи барномаҳои маҳаллии рушди бахши хусусӣ, таъмин накардани фаъолияти самараноки шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати баррасии муроҷиатҳо оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, сари вақт пардохт накардани арзиши корҳои иҷронамудаи соҳибкорон ва ғайра дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дида мешаванд.
Ҳолатҳои алоҳидаи риоя накардани тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, азҷумла дар мавриди гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, нодуруст татбиқ намудани ҷавобгарии маъмурӣ аз натиҷаи санҷишҳо ва ғайра роҳ дода мешавад.
“Дар маҷмӯъ, зимни санҷишҳои мазкур аз ҷониби прокуророн баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 143 амр, 110 эътироз, 106 пешниҳод оварда, дар асоси санадҳои эътиноӣ 95 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 48 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, - омадааст дар хабари додситонӣ.
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста