Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ҷузъиёти рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк”-ро шарҳ дод ва ба нафаре, ки дар ошкор кардани ҷиноят мусоидат мекунад ё хабар медиҳад 30 ҳазор доллар мукофотпулӣ ваъда кард.
Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад, ки 23-юми июни соли 2023, тахминан соати 20:10-дақиқа дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович, ҷойи кораш - муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” аз ҷониби гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ иборат аз 4 нафар бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ дастгир карда шуда, ба дохили воситаи нақлиёти тамғаи “Хюндай-Соната”, рақами қайди давлатиаш 01-97 М 01, қаблан 129 ХА 01, рангаш сиёҳ, пурра сиёҳшиша маҷбуран савор карда, аз ҷойи ҳодиса бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ - Майдони сарҳадчиён - маҳаллаи Хуҷамбиёи Боло ҳаракат намуда, аз назди бозори Кӯшониён ба ҳудуди маҳаллаҳои Лучоб, Чағатай гузашта, ғайб задааст.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишотӣ пешакӣ ва чорабиниҳои оперативӣ-ҷустӯҷуӣ идома дорад.
Ҳамчунин, ВКД ба касоне, ки барои ошкор намудани ин ҷиноят ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунанд ё хабар медиҳанд дар ҳаҷмӣ баробар ба 30 ҳазор доллари ИМА мукофот ваъда кардааст.
“Таъмини амнияти мусоидаткунандагон ва ифшо нашудани шахсияти онҳо кафолат дода шуда, тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ” ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда мешавад”, - зикр мегардад дар иттилоия.
ВКД бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории махфӣ бо шаҳрвандон утоқи алоҳидаи махсуси махфии боварӣ бо рақами телефони мобилии +992 93-922-24-46 ташкил шудааст ва он бо барномаҳои интернетии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram пайваст аст.
Ҳамчунин, суроғаи электронии [email protected] созмон дода шудааст.
“Шаҳрвандон метавонанд бо боварӣ ҳамкории худро бо ҳамин утоқи махсуси электронӣ ба роҳ монанд”, - навиштааст ВКД.
Барои ироаи ҳама гуна маълумоти мусоидаткунанда рақами телефони боварии вазири корҳои дохилӣ генерал-полковник Рамазон Раҳимзода +992-888-55-11-11 низ гузошта шудааст, ки он низ ба барномаҳои месенҷерии WhatsApp, Viber, Imo, Telegram пайваст мебошад.
ВКД бо нашри иттилоияи алоҳида, хабар додааст, ки нафароне, ки ба ҷинояти одамрабоӣ нисбати шаҳрванд Исматуллоев Шуҳрат даст задаанд, агар ихтиёран шахси гаравгонро озод намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, ба гуноҳи худ иқрор шаванд, мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо меъёри сабукидиҳанда татбиқ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар хусуси рабуда шудани Шуҳрат Исматуллоев дирӯз, 25-уми июн, Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дод.
Ин расона навишт, ки “дар як санаде, ки қаблан дар ихтиёри Радиои Озодӣ қарор гирифт, гуфта мешуд, ки зоҳиран ин гурӯҳ аз чанд рӯз пеш тарҳи рабудани бонкдори тоҷикро доштаанд. Аз ҷумла мошине, ки бо он Исматуллоевро рабудаанд, рӯзи 10-уми июн аз соати 15 то 18 дар атрофи хонаи ӯ мушоҳида шудааст”.
Юояд гуфт, ки Шуҳрат Исматуллоев 49 сол дошта, бародари Дилшод Исматуллозода, раиси собиқи ширкати “Тоҷик эйр” мебошад.
Ӯ солҳои дароз дар “Ориёнбонк” ба ҳайси муовин фаъолият дошт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста