Дар шаҳри Истаравшан ҷавоне барои “мулоқоти ошиқона” ба хонаи зани 27-солаи сокини ин шаҳр рафт, бо огоҳ шудани модари духтар дӯстдоштаашро 3 корд зада, модари духтарро маҷрӯҳ кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, ин ҷавон, ки пеш бо моддаи 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст, акнун бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ боз дастгир гардидааст.
“Номбурда рӯзи 4-уми июл, тахминан соати 23:00 барои анҷом додани муносибатҳои ошиқонааш ба хонаи истиқоматии дӯстдоштааш, зани 27-солаи сокини шаҳри мазкур меояд. Аз ин ҳолат модари охирон, зани 47-сола огоҳӣ ёфта, аз дохили ҳуҷраи зисташ корди хоҷагиро гирифта, бо мақсади аз хонаи истиқоматиаш гумонбаршавандаро рондан таҳдид намудааст”, - хабар медиҳад ВКД.
Ин ниҳод меафзояд, “дар натиҷа баҳсу муноқиша сар зада, гумонбаршаванда кордро аз дасти ҷабрдида гирифта, бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан зани 27-соларо 3 маротиба ва модарашро 1 маротиба корд задааст”.
Ба иттилои манбаъ, духтар аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расида ва модараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Ҳоло нисбати гумонбаршаванда бо иттиҳоми “одамкушӣ” (моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ) парвандаи ҷиноятӣ бо оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Фонди хайриявии “Музаффар” намоишгоҳи гулу растанӣ - “НЕКӢ БИКОР” баргузор мекунад
Фурудгоҳи Душанбе ба далели нишасти "хатарнок"-и ҳавопаймои эронӣ беш аз 6 соат аз фаъолият боз мондааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2025
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста