Фаъолияти минбаъдаи корхонаи истеҳсоли сементи шаҳри Душанбе то охири соли 2023 боздошта мешавад. Дар робита ба ин дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Тоҷикистон ба вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти марбутаи мамлакат дастуру супоришҳо дода шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар”.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур, ки солҳои 40-уми асри гузашта сохта шудааст, имрӯзҳо умуман ба талабот ҷавобгӯ набуда, ба экологияи шаҳр ва сокинони он бевосита таъсир мерасонад.
“Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти истеҳсолии корхона фарсуда ва қисман корношоям буда, таъмири он ғайриимкон аст ва ҷараёни истеҳсоли семент дар ин корхона самаранок намебошад”, - навиштааст манбаъ.
Дар хабар илова мешавад, ки “баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳо якчанд корхонаи азими истеҳсоли семент, аз қабили “Хуаксин Ғаюр семент”, “Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр - Суғдсемент”, “Тоҷ–Чайна” ва ғайра сохта, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Ҳаҷми иқтидори истеҳсолии корхонаҳои мазкур калон буда, онҳо имконияти васеъ доранд, ки пурра талаботи бозори дохилии мамлакатро бо сементи истеҳсоли худӣ таъмин намоянд ва содироти маҳсулотро берун аз мамлакат низ ба роҳ монанд.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳамаи ин тадбирҳо ба софу беғубор нигоҳ доштани фазои экологии пойтахт равона шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста