Суди олии Тоҷикистон фаъолияти гуруҳи фейсбуки “Новый Таджикистан 2” ва саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни онро дар қаламрави мамлакат манъ кард. Дар ин бора Додситонии кулли Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои ин ниҳод, Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми июни соли 2023 аризаи Додситони кулли кишварро “ба манфиати ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда”, сомонаи “НОВЫЙ ТАДЖИКИСТАН 2”-ро ташкилоти экстремистӣ ва иғвоангез эътироф намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки тибқи ҳалномаи Додгоҳи олӣ саҳифаҳои интернетии гурӯҳи аъзоёни он низ баста шуданд.
Додситонии кулли кишвар ба маълумоти шаҳрвандон расонидааст, ки “дар ҳар шакл ҳамкорӣ намудан бо ин ташкилоти экстремистӣ ва роҳбарону аъзоёнаш ғайриқонунӣ буда, мусоидат ва анҷом додани амалҳои мушаххас ба манфиати онҳо боиси ҷавобгарии ҷиноятӣ мегардад”.
Радиои Озодӣ навиштааст, ки ин саҳифаро фаъолони созмони “Гурӯҳи 24”, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ эълон шудааст, пеш мебаранд. Таъкид мегардад, ки дар ин гуруҳ умдатан навиштаҳои интиқодӣ аз ҳукумати Тоҷикистон нашр мешавад.
Ин расона аз қавли яке аз роҳбарони ин гуруҳ навиштааст, ки “бастан роҳи ҳал нест, чун мардум аз ҳар тариқе хабари заруриашро пайдо мекунад ва бештар эҳтиёткору пинҳонкор мешаванд”.
Гуфтан зарур аст, ки қаблан бо қарори Суди олии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2023 ташкилоти “Памир дейли нюс” (“Pamir Daily News”) ё “Памир нюс” (“Pamir News”) ташкилоти экстремистӣ эътироф гардид ва фаъолияташ дар ҳудуди Тоҷикистон манъ карда шуд.
Соли 2020 Суди олии Тоҷикистон сомонаи хабарии “Ахбор”-ро ҳам мамнӯъ эълон карда, изҳор намуд, ки мундариҷаи он ба манфиатҳои “террористону ифротгароён” хидмат мекунад.
Мувофиқи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, барои иштирок дар ташкилоте, ки аз ҷониби суд экстремистӣ (ифротгаро) эътироф гардидаааст, ба муҳлати аз 5 то 8 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорон ва ҳомии ҳуқуқ мунтазам Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодии сухан ва фишор болои журналистону блогерҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста