Тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати директори филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода – нафаре, ки президент барои фурӯши ғайриқонунии замин танқид карда буд, ба анҷом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Дар ин бора Абдураҳим Раҳимзода, додситони вилояти Хатлон дирӯз, 26-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Додситони вилояти Хатлон гуфт, ки Раҷабалӣ Давлатзода бо шарти берун нарафтан аз ҳудуди кишвар дар озодӣ қарор дорад. Зеро ҳаракатҳои ғайриқонунии Давлатзода давоми солҳои пеш анҷом дода шудааст ва дар ин давра ду қонуни авф қабул шудааст. Аз ин лиҳоз, ӯ ба ҳабси пешакӣ гирифта нашудааст.
Назари худи Раҷабалӣ Давлатзода оид ба парванда дастрас нест.
Бояд гуфт, ки нисбати Раҷабалӣ Давлатзода замоне парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари хеш ба вилоят, 27-уми апрели соли ҷорӣ, ӯро барои фурӯши ғайриқонунии замин танқид намуд.
“Соли 2015 бо қарори собиқ раиси ноҳияи Кӯшониён 1 гектар замини варзишгоҳи муассисаи таълимии рақами 64 ноҳияи Кӯшониён ба директори Филиали Муассисаи давлатии "Экспедитсияи мубориза бар зидди малах" дар вилояти Хатлон Раҷабалӣ Давлатзода ҷудо карда дода мешавад. Раҷабалӣ Давлатзода бошад, онро ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ тақсим карда, мефурӯшад”, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Пас аз ин, тибқи иттилои як манбаъ, додситонии ноҳияи Кӯшониён нисбати Раҷабалӣ Давлатзода бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ, аз ҷумла, ғайриқонунӣ тақсим кардани замин, сохтакорӣ ва қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста