Кормандони милитсия ду ронандаи микроавтобус (маршрутка)-и “Спринтер”-ро, ки дар ҳузури мусофирон ҳамдигарро лату кӯб карданд, боздошт намуданд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Рӯзи 1 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои занозании ду ронандаи микроавтобус нашр шуд, ки вокуниши манфии ҷомеаро ба бор овард.
Мақомоти милитсия худи ҳамон рӯз сокинони Душанбе - Қаҳрамон Холоови 35-сола ва Дилшод Хоҷаеви 40-соларо боздошт кард, ки ғайриқонунӣ ба мусофиркашонӣ машғул будаанд.
“Онҳо рӯзи 1-уми август, тақрибан соати 16:30 дақиқа зимни ҳаракат дар кӯчаи А.Ғуломов барои пештар гирифтани мусофир байни ҳамдигар сабқат намуда, ба ҳаракати якдигар халал расонида, ҳолати хатарнокро ба миён овардаанд. Дар натиҷа, бо алфози қабеҳ дар байни шаҳрвандон ҳамдигарро дашном намуда, ҳамзамон якдигарро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар ду ҷониб тибқи талаботи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шудааст.
Ҳамзамон, нисбати ҳар ду ронанда барои ғайриқонунӣ ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шудааст.