Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, ду рӯз пеш аз шаҳри Панҷакент пайдо шудааст. Дар ин бора имрӯз, 15-уми август, Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Ҷасади Шуҳрат Исматуллоев аз шаҳри Панҷакент, аз наздикии маҳалли Саразм пайдо шуд. Шахсияти ӯро баъди ташхиси дандонҳояш муайян карданд”, - гуфт Юсуф Раҳмон.
Ба гуфтаи ӯ, дар пайи қазияи рабуда ва кушта шудани Шуҳрат Исматуллоев 16 нафар гумонбар буда, то ба ҳол 13 нафари онҳо дастгир шудаанд.
Ахиран Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ тасдиқ кард, ки дар ҷинояти марбут ба рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев “ду корманди собиқи ВКД ширкати фаъолона доштаанд”.
Қаблан Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки Шуҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”-ро як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, иборат аз 10 нафар дуздида, то соати 03:00, бо истифода аз электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизот шиканҷа карда, ба қатл расонидаанд.
Гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, баъди рабудан, шиканҷа ва куштор, ҷасади Шуҳрат Исматуллоев ва автомашинаашро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.
Ҷинояткорон 25-уми июн ба Туркия ва 30-юми июн ба Молдова фирор намудаанд.
Сардори ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Дилшод Саидмуродов, муқаллаб бо “Дилшоди красавчик ё СБ” гуфта мешуд, аммо Рамазон Раҳимзода паноҳ бурдани ӯро рад кард ва гуфт, Дилшод Саидмуродов ва ҳамтоёни ӯ дар куҷое набошанд, дар кадом созмоне ворид навашанд, дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни хориҷии худ, онҳоро дастгир мекунанд.
Рӯзи 7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои гуфтугӯи Рустам Ашӯров, яке аз гумонбарони рабуда ва куштани Исматуллоев бо модараш нашр шуд, ки дар он ӯ ба рабудан ва куштани одам иқрор мешавад.
Рустам Ашуров дар навор мегӯяд, ки “Шуҳрат Исматуллоевро барои биткоин (пули электронӣ) дуздиданд ва баъди шиканҷа ва ба ҳалокат расидани ӯ, ҷасадро ба дарёи Варзоб партофтаанд”.
Додситони кул рӯзи 7-уми август хабар дод, ки Бахтовар Сафаров, як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки рӯзи 7-уми август як гумонбари дигар дар рабудан ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” дар Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шуд.
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҶСК “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев рӯзи 23-юми июн, тахминан соати 20:10 дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рабуда шуда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста