Дар Қазоқистон 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Онҳо ба рабудани ҳамватанашон бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар барои раҳоии ӯ гумонбар дониста мешаванд. Дар ин бора КазТАГ бо истинод ба ВКД Қазоқистон хабар медиҳад.
«Дар Алмато шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро рабуда, барои озод кардани ӯ пул талаб кардаанд. Дар бораи нопадид шудани шаҳрванди 32-солаи Тоҷикистон як ҳамватани ӯ ба пулис хабар дод», - омадааст дар хабар.
Ба гуфтаи ин мард, дӯсташ рӯзи 13 август ба вохӯрӣ рафта, дигар барнагаштааст.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хонаеро, ки дар он шаҳрванди рабудашударо дар асорат нигоҳ медоштанд, муайян карданд.
“Дар ҷараёни амалиёти дастаи таъиноти махсуси пулис 6 нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, ки бо мақсади ба даст овардани 20 ҳазор доллар, ҳамватани худро рабудаанд. Онҳо ӯро лату кӯб намуда, онро дар видео ба навор мегирифтанд”, - гуфтааст сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили департаменти пулиси Алмато Жанат Нургалиев.
Гуфта мешавад, гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис дода шуда, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи далели одамрабоӣ (моддаи 125 КҶ Қазоқистон) боз шудааст.
Гумонбаршудагон ба ҳабс гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста