Як қаллоб дар шаҳри Душанбе аз ду шаҳрванд 5 мошини гаронарзишро тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, дар ҷамъ ба онҳо бештар аз 700 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, қаллоб сокини шаҳри Ваҳдат буда, 37 сол доштааст ва рӯзи 3-юми июн дар кӯчаи Н.Қарабоеви шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб аз як марди 50-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён ду мошин харидорӣ кардааст.
“Фиребгар ба боварии мард даромада, аз ӯ автомашинаҳои тамғаи “Лексус-350” ва “Тайота-Камри”-ро ҷамъ ба маблағи 295 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, то ҳол маблағҳояшро барнагардонидааст”, - омадааст дар хабар.
Баъд аз ин, гумонбаршаванда бо ҳамин роҳ рӯзи 26-уми июн дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ба боварии марди 36-солаи сокини шаҳри Ҳисор даромада, ӯро низ фиреб додааст.
“Гумонбаршаванда аз сокини шаҳри Ҳисор автомашинаҳои тамғаҳои “БМВ”, “Тайота-Камри” ва “Опел-Вектра”-ро ба маблағи 443 ҳазор сомонӣ тариқи ғайринақдӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз гирифта, маблағҳояшро барнагардонидааст”, - менависад ВКД.
Ин гумонбаршаванда дар ҷамъ ба ду шаҳрванди дигар 738 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.
Ҳоло маълум нест, ки гумонбаршаванда бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ айбдор шудааст.
ВКД гуфтааст, ки оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста