Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Ню-Деҳлӣ ду мусофири хатсайри Душанбе - Деҳлиро боздошт намуданд: ҳангоми азназаргузаронии бағочи онҳо қариб 5,5 кг тилло дарёфт ва мусодира шудааст. Дар ин бора дар шабакаи Х-и (собиқ Твиттер) хадамоти гумруки фурудгоҳ хабар дода мешавад.
“Дар натиҷаи санҷиши дақиқ ва кофтукови шахсии мусофирон кормандони хадамоти гумрук аз як русиягӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе ба Ню-Деҳлӣ омада буданд, 5488 грамм тиллоро бо арзиши 2,73 лаки рупияи ҳиндӣ (330 ҳазор доллар) дарёфт ва мусодира карданд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ҳар ду мусофир айни замон ба ҳабс гирифта шуда, корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.
Дигар ҷузъиёт, аз ҷумла дар бораи ному насаби боздоштшудагон ва чӣ гуна ба онҳо муяссар гардидани интиқоли чунин миқдор тилло ва кай боздошт шудани онҳо хабар дода намешавад.
Парвозҳо аз Душанбе ба Деҳлӣ аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе иҷро карда мешаванд. Охирин парвоз тариқи ин хатсайр рӯзи 31 август анҷом дода шудааст.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста