Дар аввали моҳи сентябр як сокини шаҳри Ваҳдат, ки муваққатан дар Душанбе истиқомат мекард, пас аз муноқишаи оилавӣ бо табар ба сари ҳамсари худ 3-4 зарба зада, ӯро ба қатл расонидааст. Дар ин бора барномаи “Ахбори ВКД” хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, гумонбаршуда Ҳосилҷон Тӯхтабоев, марди 56-сола буда, чанд муддат пеш бо Шамсия Насриддиноваи 55-сола оила барпо карда, дар кӯчаи Н. Қарабоеви пойтахт зиндагӣ мекардаанд.
Дар гузориши ВКД хабар дода мешавад, ки рӯзи 4-уми сентябр байни онҳо нофаҳмӣ ба миён омада, боиси муноқиша мешавад.
“Пас аз муноқиша гумонбаршаванда бо мақсади қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтан аз ошхона табареро гирифта, якчанд маротиба ба сари ҳамсараш зарба зада, ӯро ба қатл мерасонад”, - зикр мешавад дар “Ахбори ВКД”.
Дар барнома шахси гумонбар Ҳосилҷон Тӯхтабоев тасдиқ мекунад, ки 3-4 маротиба ба сари занаш бо табар зарба задааст.
Тӯхтабоев пас аз содир кардани ҷиноят мақсад доштааст, ки ба хориҷи кишвар фирор намояд, вале аз сӯи кормандони ҳифзи ҳуқуқи пойтахт саривақт боздошт гардидааст.
Гуфта мешавад, номбурда қаблан низ бо ҷинояти қасдан расонидани зарар ба саломатӣ бо моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии ҶТ суд шудааст.
Ҳоло нисбати Ҳосилҷон Тӯхтабоев бо моддаи 104, қисми 2, банди “е”-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (одамкушӣ бо бераҳмии махсус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Ин банди қонун аз 15 то 25 соли зиндон ё ҷазои қатл ва ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро пешбинӣ мекунад.
Номбурда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар чандсолаи ахир бо сабабҳои гуногун ба қатл расонидани ҳамсарон дар гӯшаву канори кишвар зиёд расонаӣ мешавад.
Ҳафтаи гузашта Додгоҳи вилояти Суғд Шоҳҷаҳон Фаттоеви 28-сола, сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро барои куштори ҳамсараш гунаҳқор дониста, тибқи моддаи 104, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 17 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Моҳи марти соли ҷорӣ бошад, Додгоҳи вилояти Суғд Ҳайдар Ҳайдаров, як сокини ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакентро бо иттиҳоми куштори ҳамсараш гунаҳкор дониста, барои 23 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Ва ё аз ин ҳам пештар, моҳи январи соли равон як сокини шаҳри Исфара ҳам ҳамсари худро барои бо телефони мобилӣ суҳбат кардан, ба қатл расонида буд.
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста