Додгоҳи вилояти Суғд Файзиддин Камолиддинов, як сокини шаҳри Исфараро барои ташкили гуруҳи ҷиноӣ ва куштори одам, ҷинояте, ки 25 сол пеш содир шуда буд, 13 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Дар ҳукми додгоҳ, ки дастраси мо шуд, таъкид мегардад, ки Файзиддин Камолиддинов, сокини ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, соли 1998 бо мақсади “ба даст овардани маблағ ва ҷазо додани шахсони зидди ислом рафтордошта” гуруҳи мусаллаҳ ташкил карда, даст ба ҷиноятҳои вазнин задааст.
Ин гуруҳ дар шаҳри Исфара ва атрофи он ҷиноятҳои худро содир кардаанд.
Аз ҷумла, дар ҳукм таъкид мешавад, ки Файзиддин Камолиддинов ва аъзои дигари гуруҳи муташаккили ҷиноии ӯ бо мақсади ба даст овардани маблағи ду нафари аз Русия баргашта нақшаи ҷиноятӣ таҳия карда, аммо баъдан онҳоро аз назар дур мекунанд ва 4 нафари дигарро дар ҳудуди шаҳраки Нурафшон (собиқ шаҳраки КИМ)-и роҳи Конибодом – Исфара, бо баҳонаи “содир кардани рафтори зидди ислом”, яъне ишқварзӣ дар канори роҳ, бо таппонча ба қатл мерасонанд.
Баъди ин ҷиноят, онҳо тавонистаанд барои муддати дароз аз мақомот пинҳон шаванд. Аммо бо гузашти 25 сол аз ин ҷиноят, мақомот тавонистаанд шахсияти Файзиддин Камолиддиновро муайян ва ӯро боздошт кунанд.
Дар ин байн Файзиддин Камолиддинов тавонистааст чандин сол дар Русия зиста, шаҳрвандии ин кишварро дастрас кунад.
Ҳамин тавр, Додгоҳи вилояти Суғд Файзиддин Камолиддиновро бо моддаҳои 74 (таъсиси гуруҳи муташаккили ҷиноӣ), 156 қисми 2 ва чанд банди моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) гунаҳкор дониста, ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст.
Зикр мешавад, ки ҳаммаслакони ӯ ҷустуҷӯ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста