Мақомоти Русия як ширкатро барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва нопардохти андоз муттаҳам карда, 26 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар он фаъолият доштанд, чун “шоҳид” боздошт ва пас аз панҷ ба Тоҷикистон хориҷ кардааст.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия дар сомонаи худ менависад, ки ихроҷи 26 муҳоҷири боздоштшудаи тоҷик баъди мулоқот бо роҳбари Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Раёсати ВКД ва масъули Хадамоти федералии приставҳои судӣ дар вилояти Владимир имконпазир шудааст. Онҳо рӯзҳои 26 ва 28-уми сентябр ба Тоҷикистон бозгаштаанд.
Нисбати саҳомони ширкати СИ “Саломонов О”, ки муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро ба кор ҷалб карда, барояшон ҳуҷҷат таҳия карда буд, бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва напардохтани андоз парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
“Ширкати мазкур, ки дар он то 2000 коргарони маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба корҳои чорводорӣ, сохтмон, гармхона, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, ҳасиббарорӣ ва ғайра машғул буданд, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти муҳоҷирон ва қайди муҳоҷиратиро қалбакӣ намудааст”, - зикр мешавад дар иттилоия.
Дар ҳамин ҳол, маълум нест, ки чаро барои кирдори ғайриқонуни саҳомони ширкати СИ “Саломонов О” муҳоҷирони тоҷик, ки “шоҳид” будаанд, ихроҷ шудаанд. Дар ҳоле ки онҳо низ фиребхӯрдаанд.

Ёдовар мешавем, ки наздики шаш моҳ инҷониб дар гӯшаву канори Русия рейдҳои зиддимуҳоҷирон идома дорад ва дар он садҳо шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда, ҳуҷҷатҳояшон санҷида шудааст.
Ҷойҳое, ки кормандони мақомоти қудратии Русия рейд мегузаронанд, аслан ширкатҳои сохтмонӣ, бозор ва масҷидҳои ҷомеа мебошанд. Кормандони мақомоти интизомии Русия муҳоҷирони тоҷикро бештари вақт ба шеваи ғайримақбул ва дар баъзе ҳолат таҳқиромез боздошту латукӯб мекунанд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон чунин бархӯрд ба муҳоҷирон тоҷиконро натиҷаи рейдҳои нақшавии мақомоти Русия унвон карда гуфтанд, “дурустии амалкарди мақомоти он кишварро мавриди шубҳа қарор намедиҳад”.
Аз ҷумла, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуда буд, ки “Тоҷикистон дар ҳама сатҳҳо аз Русия талаб мекунад, ки зимни баргузории чорабиниҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ ҳуқуқу озодиҳои заминавии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистонро риоя кунад.
Қабл аз ин, Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон боздошту таъқиб ва фишорҳои охирро ба амалиёти махсуси “Нелегал”-и мақомоти қудратии Русия рабт дода буд.
Ҳоло низ хабарҳо дар бораи боздошту тафтиш ва дар баъзе ҳолат, озори муҳоҷирони тоҷик расонаӣ мешаванд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста