Ронандаи 30-солаи автомашинаи навъи Toyota, сокини Душанбе Умар Саъдуллоев барои варойн кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ метавонад ҷарима шавад, хабар медиҳад Раёсати ВКД-и пойтахт.

Ин ҳолати риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ рӯзи 2-юми октябр рух дода, пас аз ирсоли сабти видеоии он аз ҷониби як шаҳрванд баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард.

Дар навори видеоӣ дида мешавад, ки Саъдуллоев ҳангоми идораи воситаи нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев бо мошини худ худ сафолакҳои ороишии роҳи пиёдагардро зер намуда, аз ҷойи номуайяншуда роҳро убур ва қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон кардааст.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Умар Саъдуллоев тибқи талаботи моддаи 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба мақомоти ваколатдор ирсол карда шуд.

Ронандаи автомашина барои ин қонуншиканиаш дар ҳаҷми аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ, яъне 136 сомонӣ) ҷарима шуда метавонад.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз афзоиши ҳодисаҳои садамаи нақлиёт дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.

Дар нимсолаи аввал 161 ҳодисаи садамаи нақлиёт ба қайд гирифта шуда, дар ин ҳодисаҳо 171 нафар осеб дидаву 101 нафар ҳалок шудаанд. Ин нисбат ба соли гузашта зиёд буда, сатҳи садама 31%, теъдоди ҳалокшудагон - 35% ва осебдидагон - 43% зиёд шудааст.

Дар маълумоти Вазорат зикр мешавад, ки омилҳои ин мушкилот гуногун аст, аз қабили суръати баланди ҳаракат, риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми ҳаракат ва ғайра.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.