Додситонии кулли Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон қариб 53 ҳазор нафарро ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида, нисбати беш аз 3 ҳазору 300 нафар парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар ин бора Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон дар маҷлиси ҳайати мушовараи ин ниҳод оид ба ҷамъбасти натиҷаи фаъолият дар 9 моҳи соли 2023 хабар дидааст.

Гуфта мешавад, ки ҷамъбасти 9-моҳаи фаъолияти Додситонии кулл рӯзи 17-уми октябр бо иштироки додситонҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони раёсату шуъбаҳо ва дигар кормандони масъул баргузор гардидааст.

Тавре сомонаии Додситонии кулли Тоҷикистон менависад, дар давраи 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар ҳамаи самтҳои назорати прокурорӣ 5 ҳазору 669 санҷиш гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҷиҳати баратараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 39 ҳазору  387 санадҳои эътиноии прокурорӣ бароварда шуд.

“Ғайр аз ин, 52 ҳазору 781 нафар ба ҷавобгариҳои интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 3 ҳазору 361 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, 863,4 млн сомонӣ барқарор карда шудааст, ки аз он 341,4 млн сомонӣ ба манфиати давлат мебошад. Бо дахолати прокуророн 14 ҳазору 26 га қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, дар 9 моҳи соли равон ба мақомот 30 ҳазору 476 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардида, 8 ҳазору 823 адади онҳо аз ҷониби додситонҳо бевосита баррасӣ карда шуда, 2 ҳазору 295 муроҷиат ё 27,3 фоиз қонеъ карда шудааст.

“Дар натиҷа, дар ин давра ҳуқуқу манфиатҳои поймолшудаи 239 963 нафар шаҳрвандон барқарор карда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.

Инчунин гуфта мешавад, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 16 ҳазору 572 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 752 ҷиноят ё 4,3% кам мебошад.

Ба гуфтаи Додситонии кулл, дар ин давра додситонҳо назоратро бо 9 ҳазору 770 парвандаҳои ҷиноятӣ таъмин карда, аз ин 8 ҳазору 974 парвандаро ба суд ирсол намуданд.

Аз ҷумла, муфаттишони додситонӣ тафтиши 3 ҳазору 312 парвандаҳои ҷиноятиро ба итмом расонида, дар рафти тафтиши пешакӣ 124,3 млн сомонӣ, аз ҷумла 51,8 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор  кардаанд.

“Додситонҳо дар давраи таҳлилӣ дар баррасии 7 ҳазору 333 парвандаҳои ҷиноятӣ, 7 ҳазору 828 парвандаҳои гражданию оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ иштирок карда, ба санадҳои ғайриқонунии судҳо бо ин парвандаҳо ҳамагӣ 514 эътироз овардаанд”, - зикр гардидааст дар хабари Додситонии кулли Тоҷикистон.

Дар анҷоми маҷлис, аз ҷониби додситони кулл Юсуф Раҳмон ба кормандони мақомот ҷиҳати  боз ҳам пурзӯр кардани назорати прокурорӣ, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.