Додситонии кулли Тоҷикистон аз боздошти як “табиб ва муллои ҷинбарор” дар шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки аз боварҳои динии як зан сӯистифода карда, “нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст”.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванд А.Н. 68-сол дошта, таҳсилоти динӣ ва тиббӣ надорад, аммо аз эътиқодоти динии мардум сӯистифода карда, бо ин роҳ маблағ ҳам ба даст меовардааст.
Ӯ худро дар байни мардум ҳамчун “мулло” ва “табиб” муаррифӣ карда, дар манзили истиқоматиаш дар маҳаллаи 12, бинои 14, ҳуҷраи 196 дар шаҳри Хуҷанд корафтодагон, аз ҷумла занонро қабул карда, бо роҳи дуохонӣ, маҳси бадан, таштобнависӣ гӯё онҳоро табобат ва ҷинҳоро аз баданашон дур мекардааст.
Тавре Додситонии кулл бо такя ба далелҳои Додситонии вилояти Суғд хабар медиҳад, рӯзи 5-уми октябр шаҳрванд М. (бо мақсади нигоҳ доштани шаъну шарафи ӯ шахсияташ ошкор карда намешавад) барои табобати дарди сар ба ин “мулло” ва “табиб” муроҷиат кардааст.
“Н.А. ӯро дуохонӣ намуда, барои ин амалаш 50 сомонӣ гирифта, бо мақсади бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии номбурда қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ ӯро бовар кунондааст, ки ҷин дорад ва таклиф намудааст, ки “ҷинбарорӣ” кунад”, - менависад манбаъ.
Додситонии кулл дар идома меафзояд, шаҳрванд М. аз мақсадҳои нопок ва ҷинояткоронаи Н.А. бехабар ба ин таклифи ӯ розӣ шуда, рӯзи 13-уми октябр ашёҳои фармудаи ӯро гирифта, боз ба манзили номбурда рафтааст.
Он рӯз ҳам Н.А. дар танҳоӣ бо баҳонаи баровардани ҷин аз бадани М. ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, дар табақ “таштоб” навишта дода, боз 50 сомонӣ музд гирифтааст.
Баъд аз ин Н.А. як маротибаи дигар рӯзи 18-уми октябр дар манзили истиқоматиаш чунин амалҳоро анҷом дода, 50 сомонӣ гирифта, таклиф намудааст, ки табобатро дар манзили шаҳрванд М. идома диҳанд.
“Бо ин мақсад, 23-уми октябр ӯ ба манзили иҷоравии шаҳрванд М., воқеъ дар ш. Хуҷанд омада, бо баҳонаи баровардани ҷин ӯро дуохонӣ намуда, дар рафти он бо сӯиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динии шаҳрванд М. нисбати ӯ ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта анҷом дода, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст”, - менависад Додситонии кулл.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Н.А. дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.
Ҳоло нисбати Н.А. бо моддаи 142(1), қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ (алоқаи ҷинсӣ, дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта ё ҳаракатҳои бадахлоқона бо суиистифода аз ҳиссиёт ва боварии динӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Ин банди Қонун аз се то ҳафт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Тафтишоти пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки боздошти “мулло” ва “ҷинбарор”-ҳо дар кишвар маротибаи аввар рух намедиҳад. Қаблан низ мақомоти кишвар аз боздошти чандин нафре хабар дода буданд, ки бо истифода аз эътиқоди динии сокинон нафъталабӣ кардаанд.
Зидди ҳама. “Ҷанги тиҷоратӣ”-и Доналд Трамп ба минтақа ва Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Аз бинои нави ҲХДТ то корхонаи заргарӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе кадом иншоотро боз кард?
Суғду баъзе навоҳии тобеи марказ монд. Душанбе ҳам аз иҷрои 100 дарсади нақшаи даъват хабар дод
“12 мушак ба сӯи абрҳои жолазо партоб шуд”. КҲФ паёмади боронҳои шадиди ду рӯзи гузаштаро гуфт ва ба сокинон ҳушдор дод
Шабакаҳои тақсимоти барқ: Маҳдудияти интиқоли барқ давоми ду рӯзи оянда бекор мешавад
Як сол пеш Сулаймони хурдсол сӯзандоруи Zolgensma гирифт. Ҳоло ӯ чӣ ҳол дорад?
Трамп: “Амалиёт алайҳи Эронро Исроил роҳбарӣ хоҳад кард”. Пизишкиён: “Думболи бомби ҳастаӣ нестем, аммо иззат мехоҳем”
Ҳизби ҳоким соҳиби бинои нав шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста