Як ҷавонзани 22-сола барои куштори бераҳмонаи тифли 3-солаи ҳамсояаш ҳамчун гумонбар боздошт шудааст. Ӯ барои пинҳон кардани ҷинояти дуздиаш ба ин кор даст задааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки хабари пайдо шудани ҷасади кӯдаки ноболиғ аз партов ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аммо он замон, дар мақомоти корҳои дохилӣ аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ карда буданд.
Дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки шоми дирӯз, 15-уми ноябр нашр шуд, аз ин зан Манижа Эмомализода, сокини шаҳри Душанбе ва муваққатан истиқоматкунандаи шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, ки худ 2 кӯдаки ноболиғ ҳам доштааст, ном бурда мешавад.
Зани гумонбар дар ҳамсоягии Зарифа Ашӯрова, модари тифли марҳум зиндагӣ карда, бо мақсади дуздӣ ба хонаи ӯ ворид шудааст, ки дар натиҷа соҳибхона ӯро дастгир кардааст.
“Гоманбар бо мақсади он ки кирдори содиркардааш дар байни ҳамсояҳо овоза нашавад, қасди ҷинояти махсусан вазнинро таҳрезӣ намуда, барои аз ёду хаёли Зарифа Ашурова баровардани ҳолати ҷинояти дуздӣ фарзанди ноболиғи ӯ Абдуллоҳзода Шарифаро бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматиаш дароварда, дар дохили ҳамом бо истифода аз корд ба гардани марҳум ду маротиба зада ӯро ба ҳалокат расонидааст”, - зикр мешвад дар “Ахбори ВКД”.
Дар навор худи Манижа Эмомализода нақл мекунад, ки чӣ гуна тифлро кушта ба партов партофтааст.
Ҷасади ноболиғи 3-сола рӯзи 4-уми ноябр баъди як рӯзи муроҷиати модараш барои нопадид шудани тифл аз партовгоҳи наздикии хонааш бо аломатҳои марги маҷбурӣ, аз ҷумла захмҳои корд дар гарданаш пайдо гардидааст.
Бар зидди Манижа Эмомализода барои куштори ноболиғ (моддаи 104 қисми 2 банди в Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷинотяӣ боз шуда, ӯ дар боздоштгоҳ қарор дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҳабси якумараро пешбинӣ мекунад.
Назари худи манижа Эмомализода, наздикон ва вакили дифои ӯ дар робита ба ҳодисаи мазкур маълум нест.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста