Шероз Ҳакимов, сокини 33-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов барои аз хидмати алтернативии ҳарбӣ озод кардани як ҷавон, аз модари ӯ 50 ҳазор сомонӣ ситонида, ба манфиати шахсӣ истифода бурдааст. Мақомот ҳоло ӯро бо ҷурми қаллобӣ дастгир кардаанд.
Тавре дар барномаи “Ахбори ВКД” хабар дода шуд, номбурда моҳи апрели имсол ба сокини 45-солаи ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов худро корманди сохтори ҳарбӣ муаррифӣ карда, бо баҳонаи озод кардани писараш аз хидмати ҳарбӣ, аз ӯ як маротиба 20 ҳазор сомонӣ ва маротибаи дигар 30 ҳазор гирифтааст.
Шероз Ҳакимов дар асоси аризаи ҷабрдида боздошт шудааст. Ҷабрдида дар аризааш навиштааст, ки номбурда “ягон кори муфидро ба манфиати фарзандам иҷро накард ва писарам ба ҷои хидмати алтернативӣ, ба хидмати дусолаи муӯҳлатноки ҳарбӣ фиристода шуд”.
Ҳакимов дар навор иқрор мешавад, ки аз ҷабрдида 50 ҳазор сомонӣ маблағ гирифтаааст.
“Кори алтернативии хизматашро буд мекунам гуфта, 50 ҳазор сомонӣ гирифтам, аммо корашро буд карда натонистам ва аммо пулро барои саломатиям сарф кардам”, - мегӯяд гумонбаршаванда Шероз Ҳакимов.
Шероз Ҳакимов ҳоло бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор мешавад ва бар зиддаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Қаблан низ ӯ бо моддаҳои 245 ва 247-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Ин маротибаи аввал нест, ки қаллобон барои аз хидмати ҳарбӣ озод кардани ҷавонон маблағҳои калон меситонанд.
Аввали моҳи ноябр Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани се ҳолати қаллобӣ ва омода кардани билети ҳарбии қалбакӣ аз ҷониби шаҳрвандон хабар дода, гуфта буд, нисбати ҳамаи онҳо, аз ҷумла, як корманди милитсияи пойтахт парвандаҳои ҷиноятӣ боз гардидааст.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар Тоҷикистон маъракаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ ҷараён дошта, то анҷоми он рӯзҳои башумор боқӣ мондааст.
Ёдовар мешавем, ки бори охир Вазорати мудофиа охири моҳи октябр аз иҷрои 75 дарсади нақшаи даъват дар ҷумҳурӣ хабар дода буд. Дар моҳи ноябр чунин омор то ҳанӯз эълон нашудааст.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста