Додгоҳи олии Тоҷикистон иттилои ҳафтае қабл ба “Asia-Plus” пешниҳодкардаи Додситонии кулли кишвар дар бораи ирсоли парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Дилшод Саидмуродовро ба суд тасдиқ карда, гуфтааст, ки санаи дақиқи мурофиа аввали моҳи декабр муайян мешавад.
Ҳафтаи қабл Додситонии кулли кишвар ба “Asia-Plus” иттилоъ дода буд, ки пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷинояти нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Ин 14 нафар барои дар қатли Шуҳрат Исматуллоев, муовини пешини раиси “Ориёнбонк” айбдор мешаванд.
Як масъули Додгоҳи олӣ 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз рӯи тартибот, додгоҳ ду ҳафта парвандаро меомӯзад ва баъд санаи мурофиаро таъин мекунад.
“Аввали моҳи декабр санаи шурӯи мурофиаҳои додгоҳӣ аниқ мешавад,” – зикр кардааст ин масъули Додгоҳи олӣ.
Ҳоло маълум нест, ки мурофиа ошкоро баргузор мешавад ё паси дарҳои баста.
Дар робита ба рафти тафтишот назари пайвандони гумонбарон маълум нест.
Қазияи рабудан ва куштори Шаҳрат Исматуллоев тобистони соли гузашта ҷомеаро такон дод.
Он замон Додситонии кул гуфта буд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ рӯзи 23-уми июни соли 2023 Шӯҳрат Исматуллоевро дар маркази пойтахти кишвар рабуда, дар яке деҳаҳои ноҳияи Варзоб “бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.” Ба қавли ин ниҳод, ҷасади бонкирро ба дарёи Зарафшон партофтаанд, ки баъдан дарёфт ва тавассути ташхиси дандонҳояш шинохта шуд.
Дар пайи ин қазия, мақомоти тоҷик амалиёти боздошти гумонбаронро ба роҳ монданд ва инак бо гузашти 5 моҳ, парвандаро бо фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карданд.
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста