Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд дар дидбонгоҳи гумрукии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳи Тоҷикистон як мошини ҳомили беш аз 71 кг маводи нашъадори навъи «ҳероин»-ро дастгир кардаанд, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.

Ин ниҳод менависад, ки амалиёт рӯзи 21-уми ноябри соли равон  тахминан соати 09:30 ҳангоми гузаронидани назорати гумрукӣ ва корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» дар ноҳияи Мастчоҳ ва кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуд.

Гуфта мешавад, ки воситаи нақлиёти боркаши тамғаи «Мерседес Бенс Актрос-184», ки рақами қайди давлатиаш У180 ЕН 797 бо ядаки тамғаи «Шмитс SKO 24», рақами қайди давлатиаш ТА 3610/77 ба Русия тааллуқ дошта таҳти идораи Меҳровар Бӯриеви 31-сола, шаҳрванди Тоҷикистон, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан қарор дошт.

Ӯ дар ҷои ҳодиса бо гумони интиқоли ғайриконунии воситаҳои нашъадор боздошт гардидаст.

“Ҳангоми азназаргузаронӣ аз пинҳонгоҳи махсуси дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур, 65 бастаи полиэтилении рангаш сиёҳ, ки дар дохили он маводҳои хокамонанди рангашон сафед бо бӯи махсусдошта ҷойгир буд, ёфта гирифта шуд. ...маводи нашъадор навъи «героин» буда, вазни умумии он 71 кг 110 граммро ташкил медиҳад”, - гуфта мешавда дар хабарномаи ин ниҳод.

Хадамоти гумрук гуфтааст, ки аз рӯи ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд нисбати Бӯриев ва дигарон (аз онҳо ном бурда намешавад-ред.) барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва қочоқ (моддаҳои 200 қисми 4 банди "д" ва 289 қисми 3) парвандаи ҷинояти оғоз шуда, ба дидоситонии вилояти Суғд ирсол шудааст.

Моддаи 200-и Кодекси ҷиноятӣ аз 12 то 20 сол ва моддаи 289 қисми 3 аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.