Кормандони милитсияи шаҳри Панҷакент дар шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар дуздии 1 млн сомонӣ А.С.-и 27-соларо боздошт кардаанд.
Тавре ба “Азия-Плюс” роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ хабар дод, пулҳои як зани 52-солаи сокини шаҳраки Суғдиёни шаҳри Панҷакент дуздида шудааст. Ин зан хеши дури гумонбаршуда будааст.
Ба иттилои манбаъ, А.С. аз набудани соҳибхона истифода бурда, аз моҳи август то октябр 1 млн сомонӣ (ҳудуди 90 ҳазор доллар), 1000 доллар ва ҷавоҳироти тиллоиро дуздидааст.
Нафари боздоштшуда коргари корхонаи истихроҷи тиллои “Зарафшон” будааст.
“Баъди чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбар боздошт шуда, нисбаташ дар асоси моддаи 244, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гардидааст”, - гуфт Акбар Шарифӣ.
Номбурда илова кард, ки қисме аз ашёи дуздидаро гумонбаршуда ба ҷабрдида баргардонидааст.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста