Дар соли 2023 ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 4 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон боздошт шуданд. Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 5 феврал зимни нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар дода шуд.

"Аз инҳо се тан кормандони ВКД ҳастанд, - изҳор доштааст намояндаи Агентӣ Муқбилшо Муяссар. - Ду корманди сохторҳои вазорат дар вилояти Хатлон, як тан дар ВМКБ. Як нафари дигар корманди Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон аст".

Ному насаби боздоштшудаҳо оварда нашуда, ҳамчунин мавқеи онҳо ва ё наздиконашон низ ба қазия маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, масъулони Агентӣ тасдиқ кардаанд, ки се корманди онҳо дар вилояти Хатлон ба иттиҳоми фасод аз тарафи маъмурони КДАМ боздошт шудаанд.

Сардори Раёсати тафтишотии Агентӣ полковник Камолиддинзода, дар нишасти хабарӣ гуфт, ин кормандон айни ҳол дар маҳбасанд, вале тафсилот надодааст.

Хабари боздошти се корманди Агентӣ дар ҳоле тасдиқ карда мешавад, ки дар пайи як нишасти Шӯрои амнияти Тоҷикистон президент аз кори мақомоти қудратӣ дар вилояти Хатлон сахт нигаронӣ карда, бисёре аз онҳоро аз мансаб барканор кард.

Хадамоти матбуоти президент гузориш дод, ки дар баробари барканор кардани раҳбарони вилоятии мақомоти қудратӣ, ҳамчунин “сардорони якчанд Раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовар низ аз вазифа озод карда шаванд”.

Директори Агентӣ Самад Зафар танқидҳо ва даст доштани кормандони ниҳоди зери раҳбарияшро дар қонуншиканиҳо пазируфта, гуфт “дар ҳақиқат камбудиҳо ҳаст, якҷоя бо тамоми кормандон кӯшиш мекунем, камбудиҳоеро, ки дар соли 2023 буданд, бартараф кунем”.

Аммо Самад Зафар дар мавриди “камбудҳои соли 2023” тафсилоти бештар надод.

Ба суоли Радиои Озодӣ, дар бораи сару садоҳои расонаҳои хориҷӣ дар мавриди даст доштани наздикони мансабдорони воломақоми Тоҷикистон ба муомилот ва тиҷорати маводи мухаддир, посух доданд, ки “мо сарусадоҳои бедалелро арзёбӣ намекунем”.

Муқбилшо Муяссар гуфтааст, “ончи онҳо қайд мекунанд, ягон далел надоранд. Тибқи қонунгузории Тоҷикистон шахс баъд аз ҳукми Суд айбдор дониста мешавад. Дар бораи ин гуна масъалаҳо ягон чи гуфтанӣ ҳам надорему ҳуқуқи баҳодиҳӣ ва дигару дигарро низ надорем”.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар поёни солҳои 90-ум ва дар доираи ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалӣ барои пешгирӣ аз вуруди маводи мухаддир аз Афғонистони зери ҳокимияти «Толибон» таъсис шуд. Онро то соли 2022 СММ сармоягузорӣ мекард. Аз соли 2023 ба ин сӯ, ин ниҳод аз буҷети Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.