Ӯ ҳамроҳи як корманди Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз як шаҳрванд барои  ба рӯйхати даъватшавандагоне, ки хадмати пулакӣ мекунанд, ворид кардан 17 ҳазор сомонӣ талаб карда, зимни гирифтан 9 ҳазор сомонӣ боздошт шудааст.

Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар аз ин корманди Комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор Каримов Б., сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидорӣ ва аз корманди беморхона Салимов Н., бародари шафқат ном бурдааст.

Ин ниҳод мегӯяд, онҳо баъди муроҷиати шаҳрванди Ф. Амиров ду нафарро рӯзи 14-уми март боздошт кардаанд.

“...бо андешидани чораҳои зарурӣ, Салимов Н.С. баъди аз шаҳрванд Амиров Ф.Ҳ. гирифтани маблағи 9000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ёфта гирифта шуд”, - гуфтааст Оҷонсӣ.

Ин ниҳод нисбати Каримов Б.З. ва Салимов Н.С. барои қаллобӣ (моддаи 247 қисми 2 бандҳои «б,в,г») парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ин банди қонунгузорб 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 72 сомонӣ аст) ё аз ду то панҷ соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Аз ин ниҳод тасдиқ карданд, ки сухан дар бораи рӯйхати даъватшавандаҳое меравад, ки тибқи қонуни нави уҳдадориҳои ҳарбӣ метавонанд, ки бо пардохти маблағ дар як моҳ хидмати ҳарбӣ анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ 1-уми апрел оғоз шуда, то охири моҳи май идома меёбад. Дар робита ба даъвати имсола аллакай фармони президент ба имзо расид ва омодагиҳо барои ҷалби ҷавонон ха бихдамти ҳарбӣдар стаҳи маҳаллаҳо идома дорад.

Ҳамасола мавсими даъвати ҳарбӣ, ки дар кишвар дар як сол ду маротиба-баҳору тирамҳ сурат мегирад, хабару наворҳое аз сарбозшикор (облава) шудани ҷавонон расонаӣ мегардид. Вале мақомот ин ҳамаро рад мекунанд ва мегӯянд, агар шахс баъди гирифтани даъвататномаи ҳарбӣ ба комимисариат ҳозир нашвад, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ онҳоро маҷбурӣ меоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.