Фотима Сатторова, сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ҳомила будааст, се рӯз пеш, шаби 15-уми март, аз дасти шавҳараш кушта шудааст.
Ба иттилои наздикони Фотима Сатторова, ҳодиса дар хонаи истиқоматиаш рух додааст. Ҷасади ӯро субҳи 16-уми март хушдоман ва дигар пайвандони шавҳараш оғуштаи хун пайдо кардаанд.
Акбар Шарипов, сардори дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд куштори зан аз ҷониби шавҳарро тасдиқ карда, аммо аз додани иттилои бештар худдорӣ намуд.
Яке аз наздикони зани кушташуда гуфт, “шавҳари Фотима Сатторова, ки моҳи январ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта буд, 15-уми март ба ватан баргашта, ба тани ҳамсари ҳомилааш 70 маротиба корд задааст”.
Сабаби ба ин кор даст задани шавҳар таҳқиқ мешавад.
Фотима Сатторова донишҷӯйи соли 5-уми шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд будааст. Шарикдарсонаш мегӯянд, ӯ рӯзи 15-уми март дар дарс иштирок дошт ва эҳсоси хатар намекард.
Ҳамчунин, масъулини ин факулта зикр карданд, ки шавҳари Фотима Сатторова бемории рӯҳӣ дошт.
"Ба донишгоҳ меомад ва ба дарс медаромад. Чанд маротиба хоҳиш кардем, ки вориди синфхона нашавад ва ба раванди дарс халал нарасонад. Бародаронашро даъват кардем, гуфтанд, ки ӯ бемории рӯҳӣ дорад", - гуфтанд онҳо.
Бояд гуфт, ки ҳодисаи куштори ҳамсар аз ҷони шавҳар дар вилояти Суғд пешгтар низ сабт шудааст. Аз ҷумла, соли гузашта, сокини 28-соли ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ҳамсарашро дар заминаи рашк ба қатл расонида, барои 17 сол равонаи зиндон шуда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста