Дар вилояти Хатлон кормандони милитсия ба истилоҳ 5 нафар фолбину ҷодугар ва ҷинбарору мушкилкушоёнро боздошт намуданд.

Тавре ки Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ин минтақа хабар медиҳад, дар ҷараёни баргузории маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок ва амалиёти санҷишӣ якчанд ҳолатҳои мардумфиребонаи ин тоифа афроди қаллоб ошкор ва шахсони зерин боздошт шудаанд:

Раҳим Ибрагимов (бо тахаллуси Домулло Абдураҳим), 66-сола, сокини деҳаи Гулзори ноҳияи Кӯшониён;

Наргис Қурбонова, 50-сола, сокини шаҳри Левакант;

Идимоҳ Назарова, 59-сола, ҳамчунин сокини шаҳри Левакант;

Холдан Кулчакова, 66-сола, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;

Наргис Ғоибназарова, 50-сола, сокини ҷамоати шаҳркаи Фархори ноҳияи Фархор.

“Аз манзилҳои номбурдагон як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд, - зикр мешавад дар хабари Раёсат. - Зимни чорабиниҳои санҷишӣ муайян гардид, ки дастгиршудагон ба сеҳру ҷоду машғул буда, мардумони зиёдеро ба доми фиреби худ кашидаанд”.

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати номбурдагон барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шудаааст.

Гуфта мешавад, ҳамзамон онҳо барои минбаъда ба ин амал марбумфиребона машғул нашудан ба таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.

Мувофиқи ин модда ин шахсон ба сифати ҷазо дар ҳаҷми аз 40 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда - 72 сомонӣ) ҷарима шуда метавонанд. Дар сурати такрор шудани ин амалҳо дар муддати як соли пас аз гирифтани ҷазои маъмурӣ, ҳаҷми ҷарима аз 60 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд шуда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.